Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Руз ба хайр!
Имрӯз мо қисми таркибии қисматии барои қурбониёни шаклҳои гуногуни зӯровариро таҳлил менамоем. Пеш аз ҳама, дар бораи зерқисмати Шиканҷа (ҳангоми дастггиркунӣ дар Тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) ва ҳангоми адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ) суҳбат мекунем.
Шиканҷа – расонидани зӯроварии ҷисмонӣ ва ё рӯҳӣ аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ, ҳангоми дастгиркунӣ, дар Тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) ва ҳангоми адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ мебошад.
Дар барномаи мобилии "Ман ва ҳуқуқҳои ман" метавонед дар бораи механизмҳои муҳофизатӣ ҳангоми истифодаи шиканҷа нисбати Шумо ё шахсони наздикатон маълумоти бештар гиред. Мо муфассал ва дастрас ҳуқуқҳои инсонро, ҳангоми дастгиркунӣ ва истифодаи шиканҷа, ба куҷо муроҷиат ва чӣ гуна амал карданро шарҳ додем. Дар хотир нигоҳ доред, ки ҳама гуна зӯроварӣ набояд беҷазо бимонад!
Фаромӯш накунед, ки барномаро аз рӯйи истиноди - https://hrc.tj/archives/2595 насб кунед ва саҳифаҳои моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пайгирӣ кунед, то маълумоти муҳимро аз даст надиҳед.
Ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.