Шиканҷа: "Парвандаи Тошев ва Ризоев ғайриқонунӣ аст"

Падари Суннатулло Ризоев, яке аз ду маҳбусе, ки ду рӯз пас дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд барои “гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъолияти муасcисаи ислоҳӣ” муҳокима хоҳанд шуд, аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар хоста нисбат ба ин қазия бетафовут набошанд.

Маҳмуроди Одина, ки ҳамзамон масъули Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷаи марбут ба эътилоф Барои Демукросӣ ва Ҷомеъаи Шаҳрвандӣ аст, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин кумита муҳокимаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ғайриқонунӣ медонад.

Аммо онҳо аз Душанбе ба боздоштгоҳи вилояти Суғд мунтақил шуда ва дертар гузоришҳое дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо дар боздоштгоҳи Хуҷанд интишор ёфт.Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки рӯзи 24-уми июл дар сохтмони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳокима хоҳанд шуд, ду зиндонӣ ҳастанд, ки қарор буд дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи марбут ба марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ҷон дод, алайҳи маъмурони зиндон мабнӣ бар даст доштанашон дар шиканҷаи Ҳамза Икромзода шаҳодат бидиҳанд.

Аз ҷумла видиюе дар вебсойти “Youtube” интишор ёфт, ки дар он гурӯҳе аз маҳбусон захмҳои худро дар баданашон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки он осори лату кӯби маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳ аст.

Ин наворҳо, вокуниши шадиди ҷомеъаи маданиро ба дунбол дошт, вале додситонӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳи маҳбусон ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев ҳамдигарро задаанд ва барои бадном кардани зиндонбонҳо чунин наворҳоро таҳия ва бо иддаъоҳои “дурӯғин” дар вебсойтҳо ҷо додаанд.

Додситонӣ онҳоро дар “дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма” муттаҳам кардаанд.

Оқои Одина гуфт: “Онҳоро дар шароити ғайриинсонӣ дар сардии зимистон нигаҳ доштанд. Ризоев дар натиҷа талош ба хукушӣ кард. Вай пеш аз он ки рагҳояшро бурад, бо порае аз хишт дар баданаш номи Диловар Арабовро навишт, то пас аз маргаш ба пайвандонаш паём бидиҳад, ки гунаҳкор кист.”

Аммо Абубакр Кулматов, вакили мудофеъи оқои Ризоев мегӯяд, ки муваккилаш бо ин кор мехост, таваҷҷӯҳи масъули муассисаро ба худ ҷалб кунад, то ӯро дар бораи муносибати ғайриинсонӣ бо ӯ огоҳ созад.

Оқои Кулматов гуфт, ки оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи муваккилаш ғайриқонунист: “Мо дар бораи қатъ кардани парванда дархост кардем, аммо ин дархостҳо қонеъ нашуд. Зеро таркиби ҷиноят вуҷуд надорад ва ягон шоҳид нишондод намедиҳад, ки зиндониён бо ташаббуси Ризое ё Тошматов ҳамдигарро зада бошанд ва дар навор гирифта бошанд. Дар навор мебинем, ки ҳамашон ихтиёрона захмҳои худро нишон доданд.”

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди се моҳ қабл волидон ва пайвандони 320 нафар аз зиндониёни тоҷик зимни иншои номае унвонии раиси ҷумҳурӣ, ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба далели шиканҷа шудани пайвандонашон дар муассисоти баста тақозо карданд, Иззатуллоҳ Шарипов, раиси бахши муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистонро аз кор барканор кунад.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро пайваста барои вуҷуди шиканҷаву озор дар муассисоти баста дар ин кишвар ва беҷазо мондани афроди муқассир дар марги зиндониён ва боздоштшудагон интиқод мекунанд.

Аз ҷумла Афви Байналмиллал дар гузориши ахири худ бо номи “Бозгашт ба шиканҷа дар Осиёи Миёна” менависад, ки “Дар ду даҳаи ахир ҳазорҳо нафар дар ин минтақа шикоят кардаанд, ки онҳо ба сурати ғайриқонунӣ боздошт шуда ва барои эътироф, ё ришваситонӣ аз хешовандонашон мавриди шиканҷаву озор қарор гирифтаанд.”

Афви Байналмиллал мегӯяд, дар тӯли 20 соли ахир ҳамаи кишварҳои минтақа ислоҳоте дар қувваи қазоӣ барои тағйири ин вазъ муъаррифӣ кардаанд, аммо дар ҳеҷ яке аз онҳо тағйироти чашмгире дар ин замина сурат нагирифтааст.

Дар соли гузашта ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон банди ҷудогонае дар бораи шиканҷа изофа шуд ва пас аз ин, кишвар шоҳиди муҷозоти якчанд маъмури интизомӣ барои даст доштан дар шиканҷа шуд.

Пайвандони ду зиндонӣ, ки рӯзи 24-уми июл дар Хуҷанд муҳокима хоҳанд шуд, иддаъо доранд, ки бим аз ҳамин банди қонун, зиндонбонҳоро маҷбур сохтааст, то хатари муҷозот шуданашонро бо пешниҳоди “айбномае ғайриқонунӣ” алайҳи Садриддин Тошев ва Суннатоулло Ризоев, муддаъиёни шиканҷа рафъ кунанд.

ВВС

Оғози баррасии судии маҳбусони шиканҷашуда

Дар Суди вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду зиндонии маҳбаси рақами 1-и пойтахт, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода, баъдтар ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд интиқол ёфтанд, шуруъ мешавад. 

Дар ин бора наздикони маҳбусон ба TojNews иттилоъ медиҳанд.

Гуфта мешавад мурофиаи аввал рӯзи чоршанбе - 24-уми июл баргузор хоҳад шуд. 

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев дар Хуҷанд, барои даст кашидан аз нишондодашон, дар қазияи Ҳамза Икромзода, мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифтаанд. Суннатулло Ризоев баъди шиканҷаи зиёд дар маҳбаси №3-и Хуҷанд, дар бадани худ бо пораи хишт номи Диловар Арабов, раҳбари ин маҳбасро навишта буд.

Прокуратура нисбати Тошев ва Ризоев, тибқи моддаи 346, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, маҳбусонро ба дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма гунаҳкор мекунад.

Файзинисо Воҳидова, адвокати Садриддин Тошев, ба TojNews гуфт буд: - Мақомот дар натиҷаи тафтишот ба хулосае омадаанд, ки он аксҳое, ки дар ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ва сомонаи бахши тоҷикии Радиои "Озодӣ" бо нишони латукӯб ва шиканҷаи маҳбусон ба чоп расиданд, кори худи маҳбусон буда, онҳо ҳамдигарро ба ин ҳол расонида, сипас, аксбардорӣ намуда буданд.

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ҳамчунин, бо моддаи 332-и Кодекси ҷиноӣ, барои кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд, айбдор карда мешаванд. 

Наздикони маҳбусон мегӯянд, - сабаби интиқоли Тошев ва Ризоев аз Душанбе ба Хуҷанд, шикастани руҳияи онҳо будааст, ки дар қазияи марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода гуфтаанд, ахирӣ аз ҷониби масъулини маҳбаси №1-и пойтахт латукӯб шуда ба ҳалокат расидааст.

Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи маҳбаси шаҳри Душанбе, ки 21-уми сентябр ба наздиконаш ҷасади пур аз осори шиканҷааш супурда шуд, ҳудуди 50 нафар ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфтанд.

Ин боиси гирдиҳамоии наздикони маҳбусон ва марҳум Ҳамза Икромзода назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва назди дар пойтахт шуда буд, ки ба иддаои онҳо, мақомот барои ҷазо додани шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода, маҳбусонро ғайриқонунӣ ба Шимоли кишвар интиқол доданд.

Мақомот сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ номиданд. Наздикони марҳум гуфта буданд, пеш аз марги Ҳамза Икромзода аз онҳо телефонӣ ду ҳазор доллар барои аз ҳуҷраи ҷаримавӣ берун кардани марҳум талаб карда буданд. Мақомот ин иддаоро рад карда, осори шиканҷаро дар бадани маҳбус пайи баклажкаҳои гарм унвон карданд, ки барои ба кор даровардани дил гӯё духтури муассисаи ислоҳӣ истифода кардааст.

Миёни гумнбарони қатли Ҳамза Икромзода, раҳбари муссисаи ислоҳии №1-и пойтхт номи Рустам Тотемировро мегирифтанд, аммо Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, танҳо як нафар аз гумонбарони ин қазия - Маҳмуд Исмоиловро, ки шаби ҳалокати Ҳамза Икромзода навбатдор будааст, муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. 

Наздикони маҳбусон ва қурбониёни шиканҷа ба президент Эмомалӣ Раҳмон, СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ бо мактуби шикоятӣ аз роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлия, Суди Олӣ ва Прокуратураи назоратӣ муроҷиат карданд ва истеъфои Иззатулло Шарипов, Нусратулло Абдуллоев ва Толиб Азимовро талаб карданд. Зери ин мактуб беш аз 300 нафар имзо гузоштаанд. 

TojNews