Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.
Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.
Инак, банди №19-и Нақшаи миллӣ: «Шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш».
Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:
- Гузаронидани семинару тренингҳо ва фаъолсозии чорабиниҳои иттилоотонӣ миёни ҳайати шахсӣ оид ба ин масъала.
- Омўхтан ва хулоса баровардан аз ҳолатҳои бақайдгирӣ ва содир шудани ҷиноятҳое, ки ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ алоқаманданд, баррасии масоили амалҳои дараҷаашон мутобиқ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1-и КҶ ҶТ ва фарқгузории ин амалҳо бо муносибатҳои ғайриоинномавӣ, инчунин ҷиноятҳое, ки бо хунукназарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ алоқаманданд, чораандешӣ оид ба натиҷаҳо.
- Пурзўр намудани фаъолияти сардорони бахшҳову қисмҳо дар мавриди наззораи ҳамарўзаи сарбозон, чораандешиҳои иловагӣ оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани меҳтарсолорӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷудо кардани сарбозони навдаъватшуда аз куҳнасарбозон дар қисмҳои алоҳидаи ҳудуди қисмҳои низомӣ.
- Ворид намудани тағйироту иловаҳо дар қонунгузорӣ оид ба ҳатмӣ будани гузаронидани қурбониён ва шоҳидони шиканҷаву муносибати бераҳмона дар артиш ба дигар қисмҳои низомӣ то анҷоми тафтишот ва мурофиаи судӣ.
- Андешидани чораҳои иловагии самаранок оид ба таъмини муроҷиату шикоят аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла санҷиш ва таҳлили қуттиҳо барои муроҷиату шикоятҳо ва кори телефонҳои боварӣ.
- Таъмин намудани кумаки тиббиву равонӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қисмҳои низомӣ ва андешидани чораҳои қатъӣ дар мавриди ҷуброни зарар, расонидани кумаки тиббиву равонӣ нисбати ҳар як ҳодисаи меҳтарсолорӣ.
Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.
Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.
Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.
Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.