Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Панҷ нафар бо ариза ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз истифодаи шиканҷа нисбати наздикони маҳбусашон шикоят кардаанд.
Онҳо дар аризаи худ аз ҷумла навиштаанд: «Ба Шумо маълум менамоем, ки наздиконамон бо содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар колонияи ислоҳии низомаш сахти №3/3-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекарданд. Санаи 07.11.20918 дар колонияи мазкур ошӯб сар зад. Пас аз чанд муддат ба мо маълум гардид, ки нисбати наздиконамон Содиқов Фарҳод Бобохонович, Қодиров Нусратулло Иззатуллоевич, Бобоев Далер Давронович, Шомуродов Сафрониддин Баҳромович, Ҳамидов Алишер Нуруллоевич, ҳамчун ташкилкунандагони ин ошӯб парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд. Наздикони мо худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор намеҳисобанд, чунки ҳамаи нишондоди онҳо зери таъсири шиканҷа гирифта шудааст».
Ба навиштаи муроҷиаткунандагон, зимни вохӯрӣ ва суҳбат бо наздиконашон, онҳо изҳор доштаанд, ки дар ташкилнамоӣ ва рафти ошӯб иштирок надоштаанд, аммо аз чӣ бошад, баъди фурӯ нишондани ошӯб онҳоро гунаҳгор дониставу зери шиканҷа қарор дода, маҷбур кардаанд, то гуноҳро бар дӯш гиранд.
- Ҳамчунин, аз намуди зоҳирӣ ва суханони онҳо ба мо маълум гардид, ки пайдарҳам зери азобу шиканҷа қарор доштаанд. Онҳо шахсан ба мо иброз доштанд, ки барои ба уҳда гирифтьани ин ҷиноятҳо дар рафти тафтишот онҳоро ба қувваи барқ пайваст намуда, зери латукӯби шадид қарор додаанд,- омадааст дар ариза.
Бо боварӣ ба адолат, муроҷиаткунандагон аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хостаанд, ки ба колонияи ислоҳии низомаш сахти №3/3-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз аҳволи наздикони онҳо бохабар гарданду онҳоро огоҳ намоянд.