Шикояти рақами яки маҳбусони зиндонҳои Хуҷанд

Шикояти рақами яки маҳбусони зиндонҳои Хуҷанд

Маҳбусони зиндонҳои Хуҷанд дар мулоқот бо намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бекориро мушкили умдаи худ номидаанд.

Нурулло Ҳомидов, раҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 29 декабр дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, маҳбусони зиндонҳои ин шаҳр бекории худ дар маҳбасро мушкили асосии худ меноманд. Ҷаноби Ҳомидов афзуд, ки инро зимни дидор ва назарпурсии намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баён доштаанд.

Ӯ гуфт: “Бо чандин маҳбусон суҳбат кардем. Онҳо мегӯянд, ки аз ду чиз маҳруманд: озодӣ ва кор. Онҳо мегӯянд, байнашон устоҳои хуб ҳастанд ва ба умеданд, ки барномаҳои онҳо дар тендери мизу курсӣ ё мебелсозӣ баранда шавад, барои худ кор пайдо кунанд ва ба кор машғул шуда, рӯзҳоро кӯтоҳ кунанд. Аммо маҳбусони низомаш пурзӯри Хуҷанд гуфтнд, ки коре надоранд ва аз бекорӣ дар паси симхори маҳбас дилтанг мешаванд”.

Ин дар ҳолест,ки қонунҳои Тоҷикистон ба кор ҷалб кардани маҳбусон дар дохили маҳбас ва берун аз он таҳти назорати посбонҳоро манъ накардааст. Ва дар замони шӯравӣ ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намудани маҳбусон бо додани дастмузди кам ба онҳо як амри маъмурӣ буд. Вале дар шароити кунунӣ, ки қисмати умдаи мардуми озод дар Тоҷикистон ҷои кор надоранд, бекор мондани маҳбусон дар паси симхори зиндонҳо ва ҷалби онҳо ба корҳои ба ҷомеа судовар касеро машғул намедорад. Дар бораи мушкилашон худи маҳбусон тавассути Омбудсмен садо баланд мекунанд. 

Ба бовари бархе ҳуқуқшиносон, ба кор машғул кардани маҳбусон аз он нигоҳ низ судовар хоҳад буд, ки ба дасти маҳбусон маблағе мерасад. Аз ин тариқ маҳбсон метавонанд шароити будубоши худ дар маҳбасро беҳтар гардонанд ва баъд аз адои ҷазо ва раҳоӣ аз зиндон зиндагии худро дубора ба роҳ андозанд.

Намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар давоми солҳои 2014 – 2015 ҳамроҳи намояндагони ниҳоди марказии Омбдсмен 4 маротиба ба маҳбасҳои Хуҷанд ворид шуда, бо шароити нигҳдорӣ ва таъмини ҳуқуқҳои маҳбусон шинос шудаанд ва миёни маҳбусон дар бораи шароити будубошу риояти ҳуқуқҳои онҳо дар маҳбас назарпурсиҳое анҷом додаанд.

Нурулло Ҳомидов, намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, дар ҷараёни ин санҷишҳо маҳбусони зиндони низомаш пурзӯр, воқеъ дар маҳаллаи 18 - уми Хуҷанд аз масъулони ин ниҳод хоҳиш кардаанд, ки ҷиҳати фароҳам кардани ҷойҳои корӣ барои онҳо дар дохили маҳбас мусоидат кунанд.

Ӯ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё маҳбусон аз шароити бади маҳбас ва ё поймол шудани ҳуқуқҳояшон шикоят карданд, посухи рад дод. Ба гуфтаи намояндаи Омбудсмен дар Хуҷанд, дар маҳбасҳои маркази вилояти Суғд маҳбусон дар шароити хуб нигаҳдорӣ мешаванд. Вай дар мисоли маҳбаси низомаш пурзӯри Хуҷанд гуфт, онҳо дар утоқҳои гарм будубош мекунанд, маҳбас дорои китобхона, намозхона ва ҷойи хӯрокпазӣ аст. Ӯ мегӯяд, маҳбусон аз ғизо камбуд надоранд ва ғайр аз хӯроке, ки маҳбас медиҳад, онҳо дигар хӯроки захира ҳам доранд, ки хешону пайвандонашон ба онҳо мебаранд.

Намояндаи Омбудсмени тоҷик ин нуктаҳоро дар нишасте дар Хуҷанд дар мавзӯъи фаъолияти ин ниҳод дар соли 2015 ва роҳандозии назарсанҷии оид ба таъмини ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд баён дошт. Дар ин нишаст намояндагони ҳукумат, созмон ва марказҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва хабарнигорон ҳузур доштанд.

Татяна Хатюхина, раҳбари Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд гуфт, он чӣ намояндаи ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд дар зиндонҳои Хуҷанд дидаасту тасвир мекунад, бозгӯи ҳақиқати ҳол нест. Ба гуфтаи хонум Хатюхина, маҳбусони зиндонҳои Хуҷанд бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳанд, ки пур будани маҳбасҳову камбуди ҷой, дастрас набудани хадамоти тиббӣ аз умдатарини онҳо аст.

Хонум Хатюхина мегӯяд, “Назарсанҷие, ки дар маҳбас ваколатдор дар ҳузури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маъмурони зиндонҳо мегузаронанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқати вазъ ва чигунагии таъмини ҳуқуқҳои маҳбусонро ошкор карда наметавонад. Бояд назарсанҷӣ маълум мекард, ки чаро маҳбусон ба хадамоти хуби тиббӣ дастрасӣ надоранд ва масалан, барои табобати дарди дандон ба беморхонаҳои умумӣ интиқол намешаванд? Барои якрӯза хӯроки ҳар маҳбус ҳукумат чӣ қадар пул ҷудо мекунад ва ба маҳбусон чӣ навъ хӯрок медиҳанд? Маҳбусон ба вакилони дифоъ чӣ гуна дастрасӣ доранд ва метавонанд бемамониат ва танҳо бо онҳо вохӯранд? Инҳо саволҳоеанд, ки санҷишҳои ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар маҳбас ба онҳо посух пайдо накардааст.”

Хонум Хатюхина, ҳамчунин, гуфт, чун натиҷаи санҷишҳову назарпурсиҳои Омбудсмен дар маҳбасҳо дар матбуоти даврӣ нашр ва манзури омма намешаванд, дар мавриди натиҷаи санҷишҳову назарпурсиҳо байни маҳбусон сӯҳбат кардан душвор аст.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 маҳбаси дорои низомҳои сахт, пурзӯр ва муқаррарӣ воқеъ буда ва қабланмаҳбусон дар бораи бад будани шароити маҳбасҳо,аз ҷумла, муносибати бади маъмурони зиндон бо онҳо, нигаҳдории маҳбусони зиёд дар ҳуҷраҳои тангу сард,дастрас набудани хидматрасониҳои тиббӣ, норасоии хӯрок ва авҷ гирифтани бемории сил миёни зиндониён сӯҳбат мекарданд.

Шурӯъ аз соли 2013 назорати маҳбасҳои Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбасҳои шимоли кишвар аз сӯи мақомоти масъул ва Ваколадори оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати таъмини ҳуқуқи маҳбусон сахттар гардида, мақомоти масъул аз беҳбуди вазъдар зиндонҳои кишвар сӯҳбат мекунанд.

Ozodi