Шикояти Воҳидова аз шиканҷаи гумонбарон ба прокурори генералӣ

Шикояти Воҳидова аз шиканҷаи гумонбарон ба прокурори генералӣ

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, бо ирсоли як муроҷиатнома унвонии Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон аз шиканҷаи гумонбарон аз сӯи мақомоти пулис хабар дода, хостори дахолати ӯ ба ин масъала шудааст.

Хонум Воҳидова мегӯяд, қаблан чунин номаеро ба Шерхон Салимзода, собиқ прокурори генералӣ ҳам фиристода буд, аммо посухе дарёфт накард. Ӯ изҳори умед кардааст, ки Юсуф Раҳмонов онро беҷавоб намегузорад. Дар ин нома, ки як нусхааш ба дасти “Озодагон” низ расид, ҳуқушиноси тоҷик аз мавриди шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояҳои худ, аз қабили Охонов Ф. ва Раҳимов.М ёдовар шуда, гуфтааст, кормандони ҳифзи хукуқи вилояти Суғд дунболи зиёд нишон додани теъдоди дастгиршудаҳо ва бо ин васила ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбати хидматӣ шуда, бархе аз мардуми бегуноҳро таҳти фишор, латту кӯб қарор медиҳанд, ки ин боиси парвандасозии сунъӣ мегардад: “Шахсан ман ҷонибдорӣ сулҳу субот ва оромии ҷомеа буда, ҳеч вақт аз ин тасмими ҷавонони гумроҳзадаро дастгирӣ нахоҳам кард. Рӯзҳои ахир оморҳо нишон дода истодаанд, ки шахс хоҳ шомили гуруҳҳои фаълияташон мамнӯъгардида буд, хоҳ не, ҳамаро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Барои ман танҳо тааҷубовар ин усулҳои нави истифодаи зуроварӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи созмонёфтаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, ки байни мардум чун "6-ой отдел" маъруф аст, мебошад. Дар хонаи мардум нерӯи барқ нест, аммо дар шӯъбаҳои ВКД аз барқ алайҳи саломатии инсон роҳат истифода мебаранд”.

Номбурда мегӯяд, 15 январи соли равон дар тафқифгоҳи шӯъбаи ВКД дар шаҳри Исфара-1 зимни вохӯрӣ бо зерҳимояааш, Охонов ба ӯ панҷаҳои даст ва пойҳояшро нишон додааст, ки изи сухтаи ҷароҳати ҷисмонӣ намудор будааст ва зерҳимояаш гуфтааст, ки ба ӯ қувваи барқро дар таҳхонаи "6-ой отдел" пайваст намуданд. Файзинисо Воҳидова дар номаи худ ба Додситонии кул иброз доштаст, далелҳои боэътимоде дорад, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояаш аз ҷониби мақомотро нишон медиҳад: “Дар СИЗО-2-и шаҳри Хуҷанд бо дигар зерҳимояам Раҳимов М. вохӯрдам, ки ӯро низ аз хонааш шабона оварда як шабонарӯз латту кӯб карда, баъд ба муфаттиши прокуратура супоридаанд. Зимнан ӯ гирифтори бемории руҳӣ (эпилепсия) мебошад, ки ин беморӣ аз рӯи санадҳои меъёрӣ-хуқуқӣ мукаллаф ба ҳисоб меравад. Кормандони 6-ой отдел ба ин ҳама нигоҳ накарда, ӯро низ мавриди шиканҷа қарор дода, ба узви таносули ӯ қувваи барқро пайваст мекунанд. Раҳимов М. забонашро газида, дарди руҳиаш авҷ гирифта аз нафас бозмемонад”.

Ӯ мегӯяд, мутмаин аст, агар аз ҷониби Додситонии кулл як Комиссияи салоҳиятнок ташкил шуда, бе огоҳии пешакӣ ба ин мақомот ташриф оварда, утоқи кории ваколатдорони фаврӣ, сейфи онҳо ва таҳхонаҳои мақомотро мавриди санҷиш қарор диҳад, ҳатман таҷҳизоти барқие, ки тавассути он гумонбаронро шиканҷа медиҳанд, ёфт хоҳанд шуд. Воҳидова дар номааш ба Додситонии кул гуфтааст, “боварии комил дорам, ки Шумо як фарди тоҷик, ҳуқуқшиноси касбӣ ва ҷавонтарин прокурори генералӣ, ки райисҷумҳур як ниҳоди калидӣ ва бонуфузро бовар карда супорид, аз ин дарди мардум ва қонуншиканиҳои мақомоти зертобеи ВКД бетараф нашуда, мубориза алайҳи шиканҷаро низ дар қатори дигар самтҳои асосии фаъолияти хизматии худ муҳим дониста, барои решакан кардани ин зуҳуроти ғайритабиӣ мусоидат хоҳед кард”. 

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл, хонуми Воҳидова бо навиштани як нома аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хоста буд, аз зиёдаравии кормандони ниҳодаш ҷилавгирӣ кунад. Дар ин мактуб ҳам ҳуқуқшиноси тоҷик аз шиканҷаи гумонбарон аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар шимоли Тоҷикистон шикоят карда буд. 

Ozodgon