Шумо дар ин рӯзҳо чӣ чизҳои нав ва муҳимро фаҳмидед?

Салом ба ҳама!

Имрӯз рӯзи панҷуми чорабинии иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман» мебошад. Биёед ҳафтаи гузаштаро ҷамъбаст кунем, шумо дар ин рӯзҳо чӣ чизҳои нав ва муҳимро фаҳмидед?

Пеш аз ҳама, мо ба шумо гуфтем, ки чӣ тавр бояд барномаи мобилиро насб кард. Барои онҳое, ки иттилоотро аз даст доданд, мо як истинодро барои зеркашӣ намудан замима мекунем - https://hrc.tj/archives/2595

Шумо фаҳмидед, ки барномаи мобилӣ аз ду қисмати калон ва якчанд зерқисмҳо иборат аст. Илова бар ин, мо дар бахши ҷабрдидагон аз зӯроварӣ зерқисми оид ба шиканҷа ва зӯроварӣ дар оиларо муҳокима кардем.

Хотиррасон мекунем, ки дар барнома маълумоти дастрас оид ба механизмҳои муҳофизатии ҳуқуқҳои Шумо мавҷуд аст, ва ба мутахассисоне, ки бо ҷабрдидагони зӯроварӣ кор мекунанд, имкон медиҳад дар даст роҳнамое бо маълумоти зарурӣ дошта бошанд. 

Натиҷаи чорабинии иттилоотии мо викторина дар шакли онлайн хоҳад буд, ки он 1 - июн баргузор мешавад, ки дар он ҷо иштирокчиёни аз ҳама фаъол соҳиби мукофоту туҳфаҳои арзишманд мегарданд. Пагоҳ мо як озмоиши хурде оиди то чи андоза Шумо маълумоти пешниҳодшударо азхуд карда тавонистед, мегузаронем.

Ҳамаи фаъолиятҳои дар доираи чорабинии иттилоотӣ буда бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди  Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.

#HRCTajikistan #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan

#ЧорабинииИттилооти # МанваҲуқуқҳоиМан #БарномаиМобили #БотТелеграм