Сокинони Бохтар кумаки ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд

Санаи 30-юми апрел дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон давоми ду соат - аз соати 10:00 то 12:00 бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа машварати сайёри ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ба 10 нафар шаҳрвандон оид ба доираи васеи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи инсон машварати ҳуқуқӣ дода шуд. Онҳо асосан ба масоили марбут ба ҳуқуқ ба ҳимоя баъди татбиқи санади судӣ ва аз озодӣ маҳрум кардан, ҳуқуқҳои оилавӣ ва ҳуқуқи фарзандон ба гирифтани алимент ва таъминоти падару модари онҳо, инчунин оид ба ҳуқуқи манзил таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Донишҷӯёни донишгоҳҳо дар самти муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи муҳоҷирон ва ғайра саволҳо доданд.

Аз ҷониби ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон аз ҷумла ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷа ва ғуломӣ шарҳ дода шуд. Ҳуқуқшиносони Эътилоф ба саволҳои хислати иҷтимоӣ доштаи шаҳрвандон посух дода, салоҳият ва вазифаҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи муроҷиат ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқҳояшонро шарҳ доданд.  

NotortureTj