Соли 2020 дар Тоҷикистон наздики 42 ҳазор кас фавтид, ки қариб 9 ҳазор аз соли 2019 зиёдтар аст

Маълумоти оморӣ ва мақомоти давлатӣ афзоиши босуръати маргумирро дар кишвар шарҳ намедиҳанд.

оли гузашта дар Тоҷикистон 41 ҳазору 693 нафар шаҳрвандон фавтиданд, ки 8 ҳазору 643 кас зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода, лекин сабаби чунин босуръат болоравии ҳодисаҳои фавтро дар кишвар шарҳ надод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳии кишвар 11 нафар маҳбусон аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааанд. Дар ҳамин ҳол, Ашӯриён аз ифшои маълумот дар бораи шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш ё  сирояти коронавирус дар зиндонҳо худдорӣ варзид.

Тибқи маълумоти Вазорати адлия, соли гузашта дар ҷумҳурӣ наздики 67 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, ки 2,5 ҳазор камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Соли гузашта дар кишвар расман ҳудуди 10,5 ҳазор ҳолатҳои азҳампошии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки 2,5 ҳазор камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Соли 2020 зиёда аз 19,8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ному насаб ва номи хонаводагии худро иваз кардаанд. Як сол пештар (соли 2019) ин рақам ба 40,5 ҳазор нафар баробар буд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, аз оғози пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

 

Asia-Plus