Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, рӯзи 5-уми июн бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Саховат»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд.
Дар давоми як соат, аз 11:00 то 12:00 ба 8 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ҳуқуқии ройгон расонида шуд. Онҳо ба саволҳои зерин таваҷҷуҳ карданд:
- Ба ман фаҳмониданд, ки мумкин аст боздошт ва ҳабс истифода шавад, аммо метарсам, ки шояд маро барои додани нишондод маҷбур кунанд. Оё чунин нишондод дар суд эътироф карда мешавад?
- Агар ман ба шикаҷа дучор шавам, чӣ кор бояд кунам?
- Агар дар боздоштгоҳ бошам, чӣ гуна маро бо адвокат таъмин мекунанд?
- Шавҳари маро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Оё ӯ ба ҳимоя ҳуқуқ дорад?
- Хешовандонам алакай борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ҳаёти шахсии ман маълумот паҳн кардаанд. Оё ман метавонам аз болои онҳо шикоят кунам ва оё барои ин ягон ҷазо вуҷуд дорад?
- Чанд моҳ боз ба тиҷорат машғулам, аммо то ҳол иҷозатнома надорам. Оё метавонанд барои ин маро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд?
- Оё дар мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба мақомоти прокуратура нисбати шахси мансабдор муроҷиат кардан мумкин аст?
- Байни Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ чӣ фарқият аст?
Машваратчиён ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд. Ба ҳар нафаре, ки барои машварати ройгони ҳуқуқӣ муроҷиат карда буд, чатрҳо бо рамз ва суроғаи Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.
«Машварати пурра дода шуд, ман қаноатмандам. Ҳуқуқшиносони машваратдиҳанда хушмуомила буданд. Чунин шакли машварат ба ман писанд омад”,- гуфт яке аз шаҳрвандоне, ки барои дарёфти машварат муроҷиат карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.