Соли маърифати ҳуқуқӣ: машваратҳои ҳуқуқии ройгон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.

Бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз 4 то 7-уми июн дар ҳудуди бозорҳои калонтарини пойтахт машваратҳои сайёр гузаронид.

Ҳамин тавр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3-юми июн бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Меҳргон»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Дар давоми як соат, аз соати 09:00 то 10:00 ба 8 нафар шаҳрвандони муроҷиаткарда кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

4-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Сафариён»-и пойтахт барои шаҳрвандон машваратҳои ҳуқуқии ройгон гузаронид. Дар давоми як соат, аз соати 10:00 то 11:00 ба 9 нафар шаҳрвандони муроҷиаткарда кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

5-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа дар якҷоягӣ бо Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди бозори «Саховат»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Дар давоми як соат, аз 11:00 то 12:00 ба 8 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ҳуқуқии ройгон расонида шуд.

6-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Варзоб»-и пойтахт барои шаҳрвандон машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузаронид. Дар давоми як соат, аз соати 14:00 то 15:00 ба 6 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ҳуқуқии ройгон расонида шуд.

7-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Кӯшониён»-и пойтахт барои шаҳрвандон машваратҳои ройгони ҳуқуқии сайёр гузаронид. Дар давоми як соат - аз соати 08:00 то 09:00 ба 9 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

Шаҳрвандон ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.  Машваратчиён ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд.

«Ташаккур ба созмондиҳандагони ин чорабинӣ, ки ба шарофати он ман тавонистам ба саволи худ ҷавоби муфассал гирам. Чунин машваратҳоро бояд бештар баргузор намуду мардумро фаро гирифт”,- гуфт яке аз шаҳрвандоне, ки аз машварати ройгони ҳуқуқӣ дар ҳудуди бозори “Сафариён” истифода кардааст.

«Боиси хушнудист, ки маълум мешавад, созмонҳое дорем, ки машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ медиҳанд. Дӯстони ман ба кумак ниёз доштанд ва ман имрӯз онро дастрас кардам, ҳама чизро барояшон фаҳмида гирифтам. Онҳо имкони киро кардани адвокат ё пардохти ҳақи ҳуқуқшиносро надоранд»,- гуфт яке аз нафароне, ки барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат карда буд.

«Машварати пурра дода шуд, ман қаноатмандам. Ҳуқуқшиносони машваратдиҳанда хушмуомила буданд. Чунин шакли машварат ба ман писанд омад”,- гуфт яке аз шаҳрвандоне, ки барои дарёфти машварат муроҷиат карда буд.

«Ман тасмим гирифтам, ки барои дарёфти маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат намоям ва аз ин хеле шодам. Ба саволам ҷавоби мукаммал дода, қадамҳои минбаъдаро муфассал фаҳмониданд. Хуб аст, ки чунин хизматрасониҳои сайёр вуҷуд доранд ва ройгонанд»,- мегӯяд яке аз иштирокдорони аксия.

«Чунин машваратҳо хеле муҳиманд, онҳо ройгонанд ва аз ҷониби ҳуқуқшиносон расонида мешаванд. Машваратҳои пулакӣ ҳоло барои ман дастрас нестанд, зеро муваққатан бекорам. Ташаккур ба Пешвои миллат, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд, ин иқдом барои мардуми оддӣ хеле муҳим аст»,- иброз дошт яке аз муроҷиаткунандагон.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117

Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

NotortureTj