Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, рӯзи 6-уми июн бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Кӯшониён»-и пойтахт машваратҳои сайёр гузаронид.
Дар давоми як соат, аз соати 14:00 то 15:00 ба 6 нафар муроҷиаткунандагон кумаки ҳуқуқии ройгон расонида шуд. Саволҳои зерин пешниҳод карда шуданд:
- Хеши ман дар маҳбас аз шиканҷа ва бадрафторӣ шикоят мекунад. Вале мо наметавонем бо ӯ ҳар вақте ки хоҳем, мулоқот кунем. Лутфан, бигӯед, ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст, то бифаҳмем, ки оё ин ҳақиқат аст?
- Барои эътирофи шиканҷа нисбати ҷиянам, ки ба гуфтаи ӯ, дар СИЗО мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, ба мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудем, вале ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рад кардаву гуфтанд, ки шиканҷа набуд. Оё мо метавонем ба Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кунем, то далели шиканҷа эътироф шавад?
- Ҳангоми боздошт бо гумони содир кардани ҷиноят, ба рӯйи хеши ман торсакӣ ва ба дигар қисматҳои баданаш низ зарба задаанд. Барои шикоят аз ин амали корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мо ба кадом мақомот муроҷиат карда метавонем?
- Дӯстони ман ба кумаки ҳуқуқӣ ниёз доранду ба ман муроҷиат карданд, аммо ман ҳуқуқшинос нестам. Гап сари он аст, ки писарашон боздошт шуда буд ва муддати тӯлонӣ наметавонанд имкони мулоқот бо ӯро пайдо кунанд. Аммо онҳо имкони киро кардани адвокат ё пардохти ҳақи хизмати ҳуқуқшиносро надоранд. Оё дар ягон ҷо кумаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд, ки на танҳо маслиҳат диҳанд, балки дар тартиб додани ҳуҷҷатҳо низ ёрӣ расонанду роҳнамоӣ кунанд?
- Чанде пеш ду дӯстамро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо гумони содир кардани ҷиноят (намедонам чӣ гуна ҷиноят) дастгир карда, 3 рӯз дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштаву латукӯб карда, сипас бо таҳдидҳои гуногун раҳо намудаанд. Лутфан, фаҳмонед, ки оё бо ягон роҳ далели латукӯбро ҳуҷҷатгузорӣ кардан мумкин аст?
- Дар суд гуфтанд, ки аз муоина гузаштан зарур аст, аммо мушаххас накарданд, ки чӣ гуна муоина (шояд ман нафаҳмидам). Лутфан, бигӯед, ки кадом намуди муоинаҳо вуҷуд доранд? Фарқияти онҳо аз ҳамдигар чист?
Машваратчиён ба шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд. Ба ҳар нафаре, ки барои машварати ройгони ҳуқуқӣ муроҷиат карда буд, чатрҳо бо рамз ва суроғаи Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.
«Боиси хушнудист, ки маълум мешавад, созмонҳое дорем, ки машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ медиҳанд. Дӯстони ман ба кумак ниёз доштанд ва ман имрӯз онро дастрас кардам, ҳама чизро барояшон фаҳмида гирифтам. Онҳо имкони киро кардани адвокат ё пардохти ҳақи ҳуқуқшиносро надоранд»,- гуфт яке аз нафароне, ки барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқу қӣ» эълон намуданд.