Соли нав муборак!

Ҳамкорон, дӯстон, шарикони азиз!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати фарорасии соли нави 2021 аз самими қалб табрик мегӯяд! 

Паси мизи идона, тӯли чанд соат то фарорасии соли нав, сухан гуфтан дар мавриди он, ки соли гузашта чӣ гуна сол буд, хушҳолкунанда аст. Соли 2020 барои ҳамаи мо, барои тамоми ҷаҳон, барои тамоми сайёра соли вазнин буд. Барои ҳамин, таманно дорем, ки соли навро аз варақи холӣ, бо қувваи нав ва боварӣ ба оянда оғоз намоед. Бароятон сулҳу оромӣ, шукуфоӣ, хушбахтӣ, муҳаббат хоҳонем!  Соли нави 2021 муборак!

NoTorture.Tj