Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз, 26-уми июн Рӯзи байналмилалии СММ оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа аст. Дар ин рӯз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона чораҳои мушаххас андешанд.
Ба ин рӯйхат эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон ва Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA, Ӯзбекистон, дар Фаронса қарор дорад), Ташаббуси Туркманистон оид ба ҳуқуқи инсон (TIHR, Туркманистон, дар Австрия қарор дорад), Бунёди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон ва Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR) дохил мешаванд.
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври васеъ паҳн шудаанд. Хусусан мушкилоти шиканҷаи маҳбусоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ боздошт шудаанд, шадид аст. Бо вуҷуди тағйироти мусбат дар қонунгузории кишварҳо дар рӯи коғаз, воқеан дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза бо ин мушкилот чораҳои кофӣ намеандешанд.
Қазоқистон
Дар Қазоқистон мушкили шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо маҳбусон то ҳол доғ аст. Шахсоне, ки дар шиканҷа гунаҳкоранд, ҷазои муносиб намегиранд. Соли 2023 ба Эътилофи ТҒҲ Қазоқистон зидди шиканҷа 283 шикоят - 165 шикоят дар бораи шиканҷа ва 118 шикоят дар бораи дигар муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ворид шудааст. 19 нафар занон ва 264 нафар мардон ариза пешниход кардаанд. Аммо дар соли ҷорӣ суд расман ҳамагӣ 31 нафарро қурбонии шиканҷа эътироф кард ва танҳо 23 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо се ҳукми додгоҳ бар асоси моддаи 146-и КҶ ҶҚ, ки муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва шиканҷаро манъ мекунад, маҳкум кард. Ҳукмҳои дигар бар муқаррароте асос ёфтаанд, ки махсусан шиканҷаро дар бар намегиранд. Дар соли 2024 ба Эътилоф то ҳол 55 шикоят ворид шудааст, ки аз он 27 шикоят дар бораи шиканҷа ва 28 шикоят оид ба муносибати бераҳмона мебошад.
Пас аз ворид шудани як қатор ислоҳот ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар соли 2023 муҷозот барои шиканҷа дар рӯи коғаз каме сахттар шудааст. Бар асоси ин ислоҳот, афроде, ки барои шиканҷа маҳкум шудаанд, ҳақ надоранд шартан пеш аз муҳлат озод шаванд ва ё ҳабсро бо ҷазоҳои алтернативӣ иваз кунанд. Аммо, аз рӯйи мушоҳидаҳои Эътилоф, ин дигаргуниҳо дар амал татбиқ нагардидаанд. Чанде пеш маълум шуд, ки аз панҷ корманди ҳифзи ҳуқуқ 10-уми феврали соли 2023 аз ҷониби Суди махсусгардонидашудаи байниноҳиявии ҷиноятии вилояти Жетису барои шиканҷа (моддаи 146) ҳангоми ҳодисаҳои январи соли 2022 маҳкумшуда нисбати чаҳор нафарашон ҷазо ба ҷарима иваз карда шудааст. Инҳо панҷ афсари пулис ҳастанд, ки ба истифодаи шиканҷа ба воситаи дарзмолҳои гарм, кандани дандонҳо бо анбӯр, задан ба қисматҳои гуногуни бадан ва ворид кардани сӯзанҳо ба зери нохунҳо муттаҳам шудаанд.
Дар моҳи январи хунини соли 2022 гузоришҳои зиёде дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати боздоштшудагон расида буд. Тибқи гузориши муштараки IPHR, KIBHR, Эътилофи ТҒҲ зидди шиканҷа ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа, тафтишоти мақомоти Қазоқистон аз рӯйи чандсад шикояти расида ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд. Бисёр парвандаҳо бо сабаби гӯё вуҷуд надоштани далели ҷиноят пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд. Гузашта аз ин, қурбониён бо ҳимояи мувофиқ таъмин карда нашудаанд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, то моҳи январи соли 2024 танҳо 34 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми шиканҷа ва дигар қонуншиканиҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ маҳкум шудаанд. Тақрибан 50 парванда то ҳол баррасӣ мешудаанд. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки шумораи мансабдороне, ки барои сӯйистифода аз мақом маҳкум шудаанд, нисбат ба теъдоди қонуншиканиҳо хеле камтар аст.
Қирғизистон
Дар Қирғизистон низ шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати маҳбусон паҳншуда аст. Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз сатҳи баланди беҷазоӣ дар ҳолатҳои шиканҷа ва бадрафторӣ ва ҳамчунин ҷуброни нокофӣ ба қурбониён изҳори нигаронӣ кардааст. Кумита ҳамчунин аз мақомот даъват кард, ки Маркази миллии пешгирии шиканҷаро бо манбаъҳои кофии молӣ барои иҷрои муассир ва мустақилонаи салоҳияташ таъмин кунанд.
Шароити боздошт ва бархӯрд бо афроде, ки бо сабабҳои сиёсӣ боздошт шудаанд, нигаронии хосаро ба бор овардааст. Дар ҳоли роҳандозии маъракаи ҳукумат муқобили шаҳрвандоне, ки давлатро танқид мекунанд, шумораи ин гуна маҳбусон меафзояд. Айбдоршавандагон муддати дароз дар шароити номусоид нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, фаъолони шаҳрвандӣ, ки дар парвандаи Кампир-обод ба далели интиқоди осоиштаашон аз созишномаи марз бо Ӯзбекистон боздошт шуда буданд, то 19 моҳ дар боздоштгоҳи пешакӣ нигоҳ дошта шуданд. Шароит ғайрисанитарӣ буд, маҳбусон ба муолиҷаи дурусти тиббӣ дастрасӣ надоштанд ва мулоқот бо оилаҳо ҷиддан маҳдуд буд. Бар асоси қарор аз 14-уми июни соли 2024 Суди ноҳияи Первомайскийи Бишкек 22 муттаҳамро сафед кард. Ҳарчанд гурӯҳҳои ҳимоятгари ҳуқуқи инсон ин тасмимро қобили қабул донистанд, аммо панҷ муттаҳам дар ин парванда ҳанӯз ҳам мунтазири мурофиаи судиянд.
Ҳодисаи дигаре, ки нигаронии ММПШ-ро ба миён овард, дар нимаи моҳи январи соли 2024 рух дод. Рӯзноманигорони боздоштшудаи нашрияи мустақили Temirov Live ду ҳафта дар муассисае нигоҳ дошта шуданд, ки барои боздошти кӯтоҳмуддати на бештар аз 48 соат пешбинӣ шуда буд. ММПШ ба хулосае омад, ки чунин давраи тӯлонии ҳабс ҳамчун "шиканҷа" тавсиф карда мешавад.
Охири моҳи январи соли 2024 рӯзноманигорон ба СИЗО-и пойтахт интиқол ёфтанд. Баъдан бархе аз рӯзноманигорон ба ҳабси хонагӣ гирифта ва ё бо имзои берун нашудан аз мавзеъ раҳо шуданд. Аммо вақте мурофиа дар моҳи июни соли 2024 оғоз шуд, чаҳор нафари дигар дар ҳабс монданд. Гузашта аз ин, аз Маҳабат Тоҷибек қизии ҳабсшуда ариза ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2024 аз ҷониби корманди маҳбас латукӯб шудааст. Намояндагони Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷароҳатҳои бардоштаашро дар натиҷаи латукӯб (доғҳо дар рӯй ва дастҳо) тасдиқ карданд. Аммо хадамоти зиндон иттиҳоми муносибати бераҳмонаро рад мекунад. Онҳо иддао доранд, ки Тоҷибек қизиро ҳамкамераҳояш бо хоҳиши ӯ латукӯб кардаанд. Прокуратура аз оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ намудааст.
Тоҷикистон
Дар соли 2023 ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 16 шикоят дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шудааст; панҷ адади онҳо аз занон, ду адад аз ноболиғон будаанд. Дар ин давра нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5 парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 143, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, ки шиканҷаро манъ мекунад, боз шудааст. Ҳамаи панҷ афсари пулис гунаҳкор дониста шуда, барои адои ҷазо дар колонияҳои низомаш шадид маҳкум шудаанд.
Вазъият дар кишвар пас аз саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти оммавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 муташанниҷ боқӣ мемонад. Иддао мешавад, ки мақомот барои саркӯб кардани нооромиҳо аз зӯри аз ҳад зиёд, боздошти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода кардаанд. Мурофиаҳои судии ин парвандаҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ноодилона дониста шудаанд. Намояндагони гунаҳгор дар қонуншикании мақомот ҷазо нагирифтаанд. 28-уми майи соли 2024 аз боздошти ҳомии ҳуқуқ ва ҳуқуқшинос Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир (АҲП), яке аз камшумор созмонҳои ҳуқуқи инсон дар ВМКБ расо ду сол сипарӣ шуд. Холиқназаров моҳи майи соли 2022 ҳабс шуд. Суди Олии Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми сохта ба 16 соли зиндон дар колонияи низомаш шадид маҳкум кард. Хавф вуҷуд дорад, ки шояд дар маҳбас мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошад. Саломатии ӯ паси панҷара сахт осеб дидааст, аммо мақомот ба ӯ кумаки дурусти тиббӣ нарасонидаанд. IPHR, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва шариконашон борҳо озодии Холиқназаровро талаб кардаанд. Гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мэри Лолор ҳукмро маҳкум карда, хостааст, ки ин нафар фавран аз ҳабс озод карда шавад.
Бозгашти иҷбории намояндагони мухолифини сиёсӣ ва шаҳрвандоне, ки аз ҳукумат интиқод мекунанд, низ боиси нигаронӣ аст. Эҳтимол дорад, ки пас аз истирдоди фаъолони тоҷик аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, масалан аз Олмон, онҳо дар ватанашон мавриди шиканҷа қарор гиранд. Борҳо кишварҳои ИА дархостҳои Тоҷикистонро барои истирдоди шаҳрвандонаш, ки аз мақомот интиқод мекунанд, ба эътибор гирифтаанд. Бо дарназардошти он, ки афроди истирдодшуда метавонанд ба шиканҷа, мурофиаҳои ноодилона ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон мувоҷеҳ шаванд, амалҳои кишварҳои ИА нақзи мустақими уҳдадориҳои онҳо дар самти ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, гузориши ахири IPHR нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон тавсияҳои ин ниҳоди паймон оид ба маҳкум кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати аъзои ЛГБТИА-ро нодида гирифтаанд. Аз рӯйи ин ҳодисаҳо ягон тафтиш гузаронида намешавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Туркманистон
Дар Туркманистон ислоҳот ба моддаи 201-и Кодекси ҷиноятӣ, ки соли 2022 тасвиб шуд, манъи шиканҷаро тақвият додааст. Аммо сарфи назар аз иқдоми мусбат дар қонунгузорӣ, дар амал чораҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қадри кофӣ муассир нестанд.
Пӯшида будани низоми зиндонҳои кишвар ва дастрасии маҳдуди нозирони мустақили байналмилалӣ ба маҳбасҳо заминаи истифодаи шиканҷа нисбати зиндониёнро фароҳам меорад. Гузашта аз ин, набудани шаффофият дар ҳукумат дастрасӣ ба маълумот оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро дар кишвар бениҳоят мушкил мекунад. Аммо далелҳои мавҷуда, бахусус нишондоди маҳбусони собиқ гувоҳӣ медиҳанд, ки шиканҷа то ҳол густарда аст ва маҳбусони сиёсӣ бештар ба хатари муносибати бераҳмона дучор мешаванд.
Аз рӯйи баҳогузории World Prison Brief, дар соли 2021 ҳудуди 35 000 нафар дар Туркманистон зиндонӣ будаанд. Бар асоси таҳлили аксҳои моҳвораӣ, нишондоди шоҳидон ва пажӯҳиш дар гузорише, ки созмони ҳуқуқи инсони Crude Accountability нашр кардааст, гуфта мешавад, ки шароити зиндон бераҳмона ва ғайриинсонӣ боқӣ мемонад. Дар гузориш ҳолатҳои канда будани маҳбусон аз ҷаҳони беруна, вазъи бади санитарӣ, ғизои нокофӣ, дастрасӣ надоштан ба табобати тиббӣ, инчунин латукӯб ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона сабт шудааст.
Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ бо арзёбии вазъи Туркманистон дар соли 2023 аз набуди таҳқиқи ҳамаҷонибаи аризаҳо оид ба шиканҷа ва беҷазо мондани омилони ҷиноят изҳори нигаронӣ кард. Кумита ба ҳолатҳои шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф, шароити бади нигоҳдорӣ ва таъмин нагардидани муолиҷаи тиббӣ дар зиндони «Овадан Депе», ки маҳбусони сиёсӣ нигоҳдорӣ мешаванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Амалияи боздошти пинҳонӣ ва ғайб задани иҷборӣ, инчунин тафтиш накардани ин гуна ҳолатҳо боиси ташвиши амиқ гардид.
Фаъол Мансур Мингелов беш аз даҳ сол боз бо иттиҳоми ангезаҳои сиёсӣ дар зиндон нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми адои ҷазо, Мингелов, эҳтимолан, дар натиҷаи латукӯб ҳангоми боздошти аввалияаш дар вазъи саломатиаш мушкил дорад. Ба навиштаи Turkmen news, ба Мингелов бо вуҷуди он ки ташхисаш (сили устухон) барои раҳоии пеш аз муҳлаташ асос буд, кумаки тиббии зарурӣ расонида нашуда ва аз ҳабс озод карда нашудааст. Табибони беморхонаи маҳбас барои Мингелов ампутатсия таъин кардаанд, аммо ӯ рад кардааст. Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ва Кумитаи СММ оид ба аз байн бурдани табъизи нажодӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, хостори раҳоии Мингелов шудаанд.
Ӯзбекистон
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар бисёре аз муассисаҳои ислоҳии Ӯзбекистон, бо вуҷуди изҳороти расмӣ, ки тағйироти қонунӣ ин мушкилотро муассир ҳал мекунанд, то ҳол маъмул аст. Шахсони гунаҳгор дар истифодаи шиканҷа аксар вақт беҷазо мемонанд. Сабаб дар он аст, ки ҷабрдидагони шиканҷа имкони хабар додан аз ҳолатҳои муносибати бераҳмонаро дар ҳабси пешакӣ надоранд; аксаран боздоштшудагон то аз байн рафтани осори латукӯб аз тамос бо олами беруна комилан маҳрум мешаванд. Ҷабрдидагон ба ташхиси мустақили тиббӣ дастрасӣ надоранд: онро танҳо вақте муфаттиш метавонад таъин кунад, ки парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷа алакай боз шудааст. Гузашта аз ин, иддаоҳое вуҷуд доранд, ки муфаттишон аксаран худашон дар шиканҷа даст доранд. Гузоришҳо дар бораи шиканҷа аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳҳо нодида гирифта мешаванд, ҳатто вақте ки дар бадани қурбониён нишонаҳои ошкори таҳқир вуҷуд доранд. Қурбониён инчунин аз шикоят кардан дар мавриди муносибати бераҳмона хавф доранд.
Ҳомиёни мустақили ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон ба далели фишорҳои давомдор наметавонанд вазъи шиканҷа ва бадрафториро ба таври муассир назорат кунанд.
18-уми июни соли 2024 маҳбуси маъюб Дмитрий Иванусро сардори колонияи рақами 51 даъват карда, тавре гуфта мешавад, ҳамроҳи муовини сардори колония ин мардро сахт латукӯб кардаанд. Тахмин меравад, сабаби латукӯб дар он будааст, ки Иванус ба маҳбуси дигар гуфтааст, ки ӯро маҷбур мекунанд, то нисбаташ нишондод диҳад. Дар ҳоли ҳозир Дмитрий Иванус 10 рӯз дар тавқифгоҳи муҷозотӣ нигаҳдорӣ мешавад. Талоши ҳомиёни ҳуқуқ барои пешниҳоди шикоят бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Ҳодисаи дигари эҳтимолии шиканҷа моҳи майи соли 2024 рух додааст, ки Денис Николаеви 30-сола баъд аз латукӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шуъбаи пулиси ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд як чашмаш нобино шудааст. Ба дасти мард завлона баста, ба сараш бо швабра задаанд, ки дар натиҷа чашмаш осеб дидааст. Гуфта мешавад, ки ба Николаев кумаки пизишкӣ расонида нашудааст ва судяе, ки ӯро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум кардааст, дар ҷараёни мурофиа аз асли латукӯб напурсидааст. Танҳо баъди озод шудан ба Николаев муяссар шудааст, ки аз муоинаи тиббӣ гузарад. Дар ин мард ҷароҳати вазнини чашм ташхис шудааст, ки ҷарроҳии таъҷилӣ ва гаронарзишро талаб мекунад. Вале Николаев ин корро карда натавонистааст. Муфаттиш барои муайян кардани шахсияти гумонбаршуда чораҳо андешидааст, аммо маълум нест, ки оё парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ё не.
Бино ба гузоришҳо, Александр Трофимов низ соли 2021 дар ҳамин шуъбаи пулиси Тошканд мавриди шиканҷа қарор гирифта буд. Трофимовро, ки ҳоло маъюб аст, латукӯб кардаву ба сараш задаанд. Муоинаи тиббӣ, ки танҳо пас аз шикоятҳои сершумори вакили мудофеъ ба додситонӣ ба даст омадааст, шикасти қабурғаро ошкор кардааст. Аммо парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 235-и Кодекси ҷиноятӣ, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро манъ мекунад, то ҳол боз нашудааст.
Дар панҷ соли охир истифодаи муҷозоти руҳӣ нисбати шаҳрвандоне, ки ҳукуматро танқид мекунанд, афзоиш ёфтааст. Як мисоли равшан парвандаи адвокати блогер Шаҳида Соломонова буд, ки аз қурбониёни ихроҷи маҷбурӣ ҳимоят мекард. Ин зан дар моҳи декабри соли 2022 маҷбуран ба бемористони руҳӣ интиқол дода шуд. Моҳи январи соли 2024 вай аз шуъбаи кушодаи руҳпизишкӣ ба шуъбаи пӯшида гузаронида шуд, ки дар он ҷо мулоқот бо аҳли оила ва тамос бо адвокат манъ аст. Ариза дар бораи бознигарии қарори коллегияи тиббӣ барои муолиҷаи ӯ рад шуд.
Мо аз мақомоти Осиёи Марказӣ даъват мекунем, ки шиканҷаро тариқи роҳҳои зерин қатъ кунанд:
- эътирофи миқёси мушкилоти шиканҷа;
- интишори омори ҳамаҷонибаи парвандаҳо ва тафтишот;
- таъмини дастрасии нозирони мустақил ба ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс;
- ҳамкории созанда бо механизмҳои дахлдори СММ ва ҳалли шаффофи мушкилоти шиканҷа;
- омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҳбасҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ.
Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд фавран ба беҷазоӣ барои шиканҷа ва муносибати бераҳмона хотима бахшанд ва поймол кардани шаъну шарафи инсонии шаҳрвандонро қатъ намоянд.