Article Pages

Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонуни Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар барои афроде, ки аз зиндон озод мешаванд, фаъолияти машваратхонаҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ кардааст. Тибқи баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30-уми апрел мунташир шуд, ҳуқуқдонҳо ба зиндониёни собиқ барои пайдо кардани шуғл, ҳалли мушкилоти хонаводагӣ ва масоили маскан кумаки ройгон мекунанд. Ҳамзамон дар ин...

30.04.2014 - 17:01

Раёсати Бемористони Ибни Сино зимни як баёния гуфтааст, ки пизишкони ин бемористон сарбоз Шаҳбол Мирзоевро дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ташхис карда ва назари худро дар мавриди тӯлонӣ будани мудовои ин сарбоз иброз доштаанд. Гуфта мешавад, Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби сарбозони дигар дар воҳиди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар 8 марти соли ҷорӣ ҷароҳати сангин...

22.04.2014 - 17:05

Баъд аз нашри номаи як хонандаи Радиои Озодӣ чандин нафар аз хонандагон даъват карданд, ки барои имдод ба Шаҳбол Мирзоев ҳисоби бонкӣ боз шавад. Блоге роҷеъ ба сарнавишти Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки бар асари зӯроварии кӯҳнасарбозон фалаҷ шудааст, дар торнамои Радиои Озодӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии зиёд пайдо кард. Муаллифи нома навишта буд, ки аз бархӯрди...

17.04.2014 - 18:46

Прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷон Юсуфзода ҳодисаи марги Низомиддин Ҳомидовро, ки ба қавли прокурор рӯзи 1-уми апрел дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД ноҳияи Вахш худро ба дор овехт ва гуфтаҳои падари марҳум дар ин хусусро шарҳ дод. «Дар ВАО оид ба ин ҳодиса маълумот дода мешавад, ки ҷараёни боздошти Низомиддин Ҳомидов ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Барои гузаронидани кофтуков дар хонаи Ҷунайдулло...

14.04.2014 - 16:58

Искандаршоҳ Сангов, сокини ноҳия Вахши вилояти Хатлон аз ҷониби корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия мавриди латукӯби шадид қарор гирифтааст. Дар ин бора ба ТоjNews Ҷамшед Сангов, бародари Искандаршоҳ иттилоъ дод. Ҷамшед Сангов мегӯяд, бародараш рӯзи 10-уми апрел дар маркази ноҳия, замоне дучархаи скутерашро канори роҳ гузошта ва аз мағозаи ноҳия харид мекард, кормандони...

12.04.2014 - 12:09

Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд бар асоси шикояти гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон «Ампаро» рўйдоди нангини «облава» дар ин вилоятро, ки чанде пеш сабти видеоии он аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гардон шудаву онро дар сар то сари ҷаҳон тамошо карда буданд, таҳқиқот анҷом дод. Бино ба гузорише, ки дар варақаи матбуотии «Ампаро» расонаӣ шудааст, ҳодиса моҳи ноябри соли 2011 дар шаҳри Исфара рух додааст...

14.03.2014 - 16:39

Пули табобати Шаҳболро кӣ медиҳад? Қисми низомӣ? Давлат? Ё касе ки ӯро маъюб кард? Иловаи ҷузъиёти қазия аз 17-уми март: Бо гузашти 10 рӯз аз маъюб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи бадрафторӣ дар қисми низомӣ то ҳол маълум нест, ки пули табобати ин сарбозро бояд кӣ пардохт кунад? Дилшод Исломов, муовини додситони ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо...

13.03.2014 - 18:37

Дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи марги мармузи Ҳамза Икромзода оғоз шуд. Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили волидайни Ҳамза Икромзода, онҳо аз Вазорати додгустарии Тоҷикистон пардохти 10 милюн сомонӣ ғаромат барои марги ӯро тақозо доранд. Оқои Икромзода соли 2010 ба иттиҳоми доштани силоҳи ғайримуҷоз, тамаъҷӯйӣ ва ғорат барои 11 сол ба зиндон маҳкум шуда буд. Ҳамза Икромзода...

06.03.2014 - 12:22

Масъулони Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди даргузашти Ёқуб Салимов, аз фардондеҳони пешини Фронти халқӣ ва собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон дар зиндонро тазкиб карданд. Садриддин Шарифов, сардори СИЗО-и шумораи 9/1 рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" чунин овозаҳоро "иғвогарона" хонд. Оқои Шарифов афзуд, ки бо тамоми масъулият баён медорад, ки...

01.03.2014 - 22:19

Иттиҳодияи Урупо тарҳи ҷадидеро барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони зиндонӣ ва маҳбусони озодшуда дар Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст. Овидиу Мик, як тан аз масъулони дафтари Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 27феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳазинаи ин тарҳ 400 ҳазор юру буда ва 75 дарсади онро Иттиҳодияи Урупо ва 25 дарсади дигарро Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеъаи...

27.02.2014 - 17:06

Страницы