Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии ҳарбӣ нисбат ба марги Илҳомҷон Худойбердиев, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар яке аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Роғун хидмат мекард, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Ҷасади Илҳомҷон Худойбердиев, сокини 20-солаи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ)-и вилояти Суғдро рӯзи 16-уми феврали имсол ба хонаводааш доданд ва ӯ худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.
Ориф Нозимов, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба марги ин сарбоз Додситонии ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳад. "То анҷоми таҳқиқи ҳодиса ҷузъиётро ошкор карда наметавонем”, - афзуд ӯ.
Муродҷон Худойбердиев, бародари сарбози ҳалокшуда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷасади бародараш осори тирро дидаанд. Вай гуфт, "тир аз миёни ду абрӯи бародарам зада, аз паси сараш баромадааст. Ба гуфтанд, шахсе, ки ӯро паррондааст, ҳатман ҷазо мегирад. Гуфтанд, ки моро дар рӯзи оғози мурофиа ба Душанбе даъват карда ва гумонбар дар қатли бародарамро нишон медиҳанд."
Худойбердиев гуфт, ба ҷуз ин, мақомот то ба ҳол ҷузъиёти дигари ҳодисаро намегӯянд ва онҳо намедонанд, ки ӯ дар пайи кадом ҳодиса кушта шудааст.
Як нафари огоҳ аз раванди тафтишот дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи тир хӯрдани ин сарбоз ҳангоми навбатпойӣ дар постгоҳе дар шаҳри Роғун рух додааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ба ҷуз аз ҳамхидматони Илҳомҷон Худойбердиев каси дигаре дар онҷо силоҳ надошт.
Илмҳоҷон Худойбердиев якуним сол қабл ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб шудааст. Вай дар яке аз қисмҳои ҳарбии Роғун хидмат мекард ва то анҷоми хидматаш ҳамагӣ 6 моҳи дигар монда буд.
Дар Тоҷикистон худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо дар гузашта мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии чунин ҳодисаҳо медонанд.
Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски чунин фоҷиаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.
Дар аксар хабарҳо дар бораи маргу мири сарбозон гоҳе мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри ислоҳи вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.