Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хешовандони Алиҷон Ашӯрови 27-сола тасдиқ мекунанд, ки писари онҳоро ғайриқонунӣ боздошт намуда, шиканҷа карда ва дар «шароити ғайриинсонӣ» нигоҳ доштаанд… Ба гуфтаи онҳо, ин ҳама ба он хотир рух додааст, ки Алиҷон муқобили худ нишондод диҳаду ба терроризм, зархаридӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ «иқрор» шавад.
Занги нобоб
Сартароши 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров чун қисми зиёди дигар ҳамсолони худ барои таъмин намудани оилааш ба Русия коркунӣ меравад.
- Писари ман Алиҷон аллакай панҷ сол аст, ки барои кор кардан ба Русия меравад,- мегӯяд Нурулло Қодиров.- Аввали соли гузашта вай бори дигар ба Санкт-Петербург рафт. Дар охири сол ҳамсари ҷавонаш бо кӯдаки навзод ҳамроҳи ӯ рафт. 29-уми декабри соли 2018 ӯ тариқи телефон ногаҳонӣ хабар дод, ки бо оилааш ба ватан бармегардад. Ман барои пешвозгириаш рафтам. Шаби 30-юми декабр, ҳангоми фурудоӣ Алиҷон ва оилаашро кормандони РМЗҶМ ВКД бурданд.
Ба гуфтаи Нурулло Қодиров, касе дар бораи сабабҳои боздошт хабар надодааст.
- То 3-юми январ Алиҷон дар бинои РМЗҶМ нигоҳдорӣ шуд, баъд ӯро ба тавқифгоҳи муваққатӣ гузарониданд ва танҳо 16-уми январ ба тавқифгоҳи тафтишотӣ гузаронида шуд. Ҳамсари ман дили дардманд дорад. Мо ҳама далели боздошти Алиҷонро аз ӯ пинҳон доштем ва танҳо баъди он, ки вайро ба СИЗО гузарониданд, дар бораи ҳодисаи рухдода хабар додем,- афзуд ӯ.
Падари Алиҷон мегӯяд, ки писари ӯро ба алоқамандӣ ба терроризм ва нияти рафтан ба Сурия гумонбар медонанд.
Гӯё 28-уми декабр ба Алиҷон ношиносе аз Тоҷикистон занг задаву пешниҳоди ба Сурия рафтан мекунад ва Алиҷон дар навбати худ ҷавоби рад додааст.
- Рӯзи дигар ба сартарошхона дар Санкт-Петербург, ки Алиҷон онҷо кор мекард, кормандони ХФА Русия мераванд ва санҷиши ҷойи кору ҷойи истиқоматро мегузаронанд. Баъди пурсиш эълон медоранд, ки бо дархости ВКД Тоҷикистон ӯ бо оилааш аз Русия хориҷ карда мешавад,- меафзояд падари Алиҷон.
Нурулло Қодиров мегӯяд, ки ҳамкорон барои Алиҷон ва оилааш чипта то Душанбе мехаранд ва кормандони ХФА онҳоро то тайёра роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамин тавр, пеш аз соли нав , 30-юми декабр дар фурудгоҳи Душанбе мешавад.
- Вале ман ба ин бовар намекунам,- мегӯяд ӯ.- Муфаттиш ҳамеша аз вохӯриҳо мегурехт, то гузаронидан ба СИЗО ба мо иҷозати дидор надод. Баъди ин ман ба худ омада наметавонам. Ангуштони Алиҷон доғҳои сиёҳ доштанд, ӯ базӯр ҳаракат мекард. Ягона чизе, ки ӯ гуфт: «Маро шиканҷа доданд ва талаб карданд, ки нияти сафар ба Сурияро иқрор намоям. Вале ман ҳеҷ чунин амале содир накардаам». Баъди ин суханон Алиҷонро посбон зуд бурд. Мо барои вохӯрӣ талош мекунем, аммо ҳамааш бенатиҷа. Ман барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ ба ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардам.
Ба гуфтаи Нурулло Қодиров, ӯ бо шикоят оид ба боздошти ғайриқонунӣ ва истифодаи шиканҷа ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, ҳатто ба Роҳбари давлат муроҷиат кардааст, аммо ҳанӯз натиҷае нест.
Таҳти таҳдиди зӯроварӣ
Адвокати Алиҷон Ашӯров - Абдраҳмон Шарипов, ки аз ҷониби «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмин карда шудааст, дар суҳбат гуфт, ба ӯ муяссар гардидааст, то маълум кунад, ки «ҳангоми фурудоӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, 30-юми декабри соли 2018, кормандони РМЗҶМ ВКД ҶТ аз зинапояи тайёра Алиҷон Ашӯровро боздошт карда, ба бинои РМЗҶМ мебаранд ва ӯро то 3-юми январ, яъне муддати 4 рӯз дар утоқҳои корӣ ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Аз маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, ки соли 2015 нисбати Алиҷон Ашӯров аз рӯи моддаи 307-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда будааст, аммо дар ин бора зерҳимояи ман огоҳ карда нашудааст. Айни замон Алиҷон Ашӯров дар СИЗО қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, нисбаташ усулҳои ғайриқонунии тафтишот ва зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст, ба ангуштони дасту пояш ноқил пайваст карда, қувваи барқ сар додаанд, то барои нишондоҳои худиқрории иштирок дар содири ҷиноят тибқи моддаҳои 179, 187 ва 401, эзоҳи 1-и КҶ ҶТ имзо бигиранд».
Адвокат тасдиқ мекунад, ки зерҳимояи ӯ иқрор шудан ба ҷиноятҳои содир накардаашро рад намудааст:
- Ба гуфтаи Алиҷон, баъди қатъӣ рад намудан, кормандони милитсия таҳдидро оғоз кардаанд, ки волидонашро «маҳкам» мекунанд, бо зан ва модараш бадрафторӣ намуда, худи ӯро бо истифода аз калтаки резинӣ таҷовуз мекунанд. Таҳти фишори равониву ҷисмонӣ, аз хатар тарсида, Алиҷон Ашӯров нишондод оид ба иштирок дар ҷиноятҳои ба ӯ нисбатдодашударо имзо мекунад.
Мо кӯшиш кардем аз мақомоти ВКД шарҳ бигирем, аммо бенатиҷа.
Прокуратура ҳаллу фасл мекунад
Адвокат Абдураҳмон Шарипов оид ба гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ ва оғози санҷиши прокурорӣ аз рӯи далели истифодаи шиканҷа дархост пешниҳод кардааст.
Тавре манбаъ аз Прокуратураи генералӣ иттилоъ дод, аз рӯи далели ариза оид ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа санҷиши прокурорӣ оғоз шуда буд, ки дар рафти он инчунин ташхиси судӣ-тиббӣ низ гузаронида шудааст.
- Аз рӯи натиҷаҳои хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ва санҷиши прокурорӣ қарор қабул хоҳад шуд,- зикр намуд манбаъ.
Адвокат зикр намуд, ки ҳангоми боздошт ва тартиб додани протокол бо нақзи моддаи 17-и Дастурамал «Дар бораи боздошт» аз ҷониби корманди тиббӣ формаи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшуда пур карда нашудааст, ки муайян намудани изҳои истифоддаи шиканҷаро душвор месозад.
Ёдовар мешавем, ки дастурамали мазкур 24-уми октябри соли 2012 ба хотири татбиқи кафолатҳои калидии ҳуқуқи инсон ҳангоми боздошт бо фармони якҷояи Прокуратураи генералӣ, роҳбарияти Вазорати адлия, ВКД, КДАМ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қабул гардида буд.
Ин дастурамал шарҳ додани ҳуқуқҳои боздоштшавандаро дар макони воқеии боздошт (аз ҷумла, ҳуқуқи мулоқот бо адвокат, хомӯшӣ ихтиёр намудан ва дучори шиканҷа нашудан), дастрасии фаврӣ ба адвокат, сабти муфассали маълумотҳо оид ба боздошт, аз ҷумла насаб ва вазифаи ҳамаи шахсоне, ки дар боздошт иштирок доштанд, дастрас будани сабтҳои бақайдгирӣ ба адвокат ва худи боздоштшуда, гузаронидани шаҳодаткунонии тиббӣ, манъи нигоҳдории боздоштшудагон, ба истиснои ҷойҳои расмии боздошт, инчунин огоҳ намудани хешовандон дар бораи боздоштро дар назар гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол…
Айни замон Прокуратураи генералӣ натиҷаҳои ташхиси судӣ-тиббиро интизор аст. Волидони Алиҷон умедворанд ва боварӣ доранд, ки санҷиши прокурорӣ шаффофу беғаразона гузаронида мешаваду гунаҳгорон ҷазо мегиранд.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»