Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар 20-километрии пойтахти Тоҷикистон барои нафарони ҳабсшуда бо ҷурми содири ҷиноятҳои хислати террористӣ дошта маҳбаси нави шакли камеравӣ сохта шуд. Аввали моҳи июли соли ҷорӣ он ба истифода дода шуд ва айни замон 1700 маҳбуси муассисаи ислоҳотии ЯС 3/1-и шаҳри Душанбе ба онҷо интиқол дода шудаанд.
Тавре дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ доданд, маҳбаси нав барои 2 ҳазор нафар маҳбус пешбинӣ гардидааст.
«Маҳбас мувофиқи стандартҳои муосир сохта шуда, дар камераҳо то 10 нафар ҷой мегиранд. Колонияи пойтахт дар давраи шӯравӣ, соли 1935 сохта шуда, барои 1,5 ҳазор нафар пешщбинӣ гардида буд. Онҷо шакли лагерии ҷойгиркунӣ мавҷуд буд, дар ҳар як казарма 60-80 нафар ҷой мегирифтанд. Дар шароити пандемияи коронавирус чунин ҳолат хатари пуршиддат зиёд шудани паҳнгардии сироятро ба миён меорад ва ба ҳамин хотир, маҳбаси нав саривақтӣ сохта шудааст»,- зикр намуд манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, интиқоли маҳбусон бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ марҳила ба марҳила - аз 14 то 25-уми июл сурат гирифтааст. «Чораҳои эҳтиёткории зарурӣ ба назар гирифта шуда, мо дар рӯз то 150 нафар маҳбусро интиқол додем»,- илова намуд манбаъ.
Бино ба иттилои СРИҶҶ Вазорати адлия, дар Тоҷикистон 19 муассисаи пӯшида фаъолият доранд, ки аз онҳо шаш СИЗО, ҳашт колонияи ислоҳотии низоми гуногун, як колонияи тарбиявӣ барои ноболиѓон, як маҳбас, се колонияи сукунатӣ аст.