Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!», ки аз ҷониби Шарикии байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR) дастгирӣ ёфтааст, рӯзҳои 16-17-уми апрели соли 2024 барои машваратчиёни халкии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тренинг баргузор намуд.
Мақсад аз баргузории тренинг баланд бардоштани саводнокии иттилоотию ҳуқуқӣ ва фаъол гардонидани машваратчиёни халқии нав интихобшуда/таъиншудаи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми иштирок дар мурофиаи судӣ буд.
Инчунин, дар рафти тренинг ба мавзӯи шиканҷа ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи он дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.