Супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 26). Мутобиқи талаботи қисми 2-и моддаи 478 КМҶ ва моддаи 8-и Конвенсия талабномаи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки дар содир намудани шиканҷа дар қаламрави давлати хориҷӣ айбдор карда мешавад, бояд на танҳо дар ҳолати мавҷуд будани шартномаи дахлдор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати хориҷие, ки чунин талабномаро ирсол намудааст, балки дар асоси Конвенсия, ки асоси ҳуқуқӣ барои супурдани шахс ба давлати иштирокчии Конвенсия мебошад, қонеъ гардонида шавад.

(Қисми 27). Ҳангоми баррасии талабномаи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки дар содир намудани ҷиноят айбдор ё дар қаламрави давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, баҳри иҷроиши талаботи моддаи 3-и Конвенсия ҳолатҳое, ки мавҷуд будан ё набудани таҷрибаи вайронкунии мунтазами дағалона, даҳшатовар ва оммавии ҳуқуқи инсон дар давлати хориҷие, ки чунин талабномаро ирсол намудааст, шаҳодат медиҳад, муайян карда мешаванд. Дар сурати мавҷудияти чунин воқеият ва асосҳои кофӣ, эҳтимолияти хавфи нисбати шахси супурдамешуда татбиқ гардидани шиканҷа, шахси мазкур ба давлати хориҷие, ки чунин талабномаро ирсол намудааст, супурда намешавад.

NotortureTj