Тафовути байни шиканҷа ва муносибати бераҳмона

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 5). Шиканҷа бояд аз дигар ҳаракатҳои марбут ба сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки бо моддаҳои 314 ва 316-и КҶ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, фарқ карда шавад.

Кирдор, агар бо расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ ба ҷабрдида аз ҷониби шахси мансабдор барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар моддаи1431-и КҶ нишондодашуда, содир шуда бошанд дар асоси меъёри махсуси моддаи дар боло зикргардида бояд банду баст карда шавад. Дар ин ҳолат кирдори содиршуда банду басти иловагиро бо моддаҳои 314 ва 316-и КҶ талаб наменамояд.

NotortureTj