Тағйироти мусбат дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ - яке аз самтҳои фаъолиятест, ки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои даъватшавандагону хизматчиёни ҳарбӣ маҳсуб ёфта, метавонад як қатор тағйиротро дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин шароитҳои хизмат дар сафи артишро баррасӣ намояд.

Бояд қайд намуд, ки тӯли солҳои истиқлолияти кишвар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд тағйиротҳои мусбатро аз сар гузаронд. Барои мисол, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи артиш барои сарбозон баъзе имтиёзҳо ҷудо гардид. Комиссияҳои даъвати ҳарбӣ ҳангоми баровардани қарор дар бораи даъват ба хизмат, бо назардошти вазъи хонаводагии даъватшавандагон, сарбозони оиладорро дар қисмҳои низомии наздик ба хона ва оилаашон ҷо ба ҷо мекардагӣ шуданд. Баҳри гирифтани маълумоти олии имтиёзнок барои сарбозони хизматкарда шароитҳо фароҳам оварда шуд. Акнун ба онҳое, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 холи иловагӣ барои шомилшавӣ ба макотиби олии кишвар медиҳад. Аз ҷониби мақомоти маҳаллии худидорӣ дар маҳалҳо (ҷамоатҳо) ҳамчунин чандин ҳолате ба қайд гирифта шудааст, ки ба сарбозони хизматкарда қитъаи замин ҷудо карда шуда буд, вале ҳанӯз имтиёзҳои ба ин монандро онҳо дар қонунгузорӣ ворид накардаанд, аммо бо ташаббуси роҳбарони ҷамоату ноҳияҳо амалӣ мешаванд.

Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки шароити зиндагии сарбозон дар дохили қисмҳои низомӣ каме беҳ гардида, таъмини ғизои сарбозон ва либоси низомӣ айни замон дар сатҳи хуб ташкил карда шудааст.

Нақши прокуратураи ҳарбиро дар масъалаи риояи қонуният дар дохили қисмҳои низомӣ низ набояд фаромӯш кард. Аз ҷониби прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо дар саросари ҷумҳурӣ оид ба пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, пешгирии ҷиноятҳо, инчунин тафтиши самараноки далелҳои нақзи ҳуқуқи сарбозону навдаъватшудагон ба қадри кофӣ корҳо анҷом дода мешаванд.

Ҳамчунин, рухдоди бузург дар ин самт даъвати оммавии Президентамон дар масъалаи рафъи воситаҳои ғайриқонунии даъват ба сафи артиш (облава) буд. 15-уми феврали соли 2014 Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти вохӯрӣ бо кадрҳои ҳарбӣ фармон дод, то усулҳои ғайриқонунии даъват ба Артиши миллӣ, аз ҷумла таҷрибаи «облава» пурра бартараф карда шавад. Баъди эътироф шудани мушкилот дар сатҳи аз ҳама болоии сиёсии кишвар «облава дарҳол коҳиш ёфт ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаи ҷалби кадрҳои низомиро ба ҷавобгарии интизомиву ҷиноятӣ барои боздоштҳои ғайриқонунӣ оғоз карданд. Тибқи омори ДОШ, аз соли 2013 зиёда аз 25 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои «облава» ба ҷавобгарии интизомӣ ва ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Баъд аз он, ки Президент расман барои қатъ намудани «облава» даъват ба амал овард, аз ҷониби прокуратураҳои ҳарбӣ назорати риояи равандҳои даъват ба сафи артиш пурзӯр гардида, чанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои даъвати ғайриқонунии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин намояндагони комиссияҳои даъват ба сафи артиш барои баҳои нодуруст доданашон ба ҳолати саломатии даъватшавандагон ба ҷавобгарии ҷиноятиву интизомӣ кашида шуданд.

Соли охир аввалин бор дар Тоҷикистон таҷрибаи талаб кардани ҷуброни зарари маънавӣ барои қурбониёни меҳтарсолорӣ дар артиш роҳандозӣ гардид. Дар соли 2016 адвокатҳои ДОШ аз рӯйи ду парванда аввалин бор ба Қарор оид ба ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш муваффақ гардиданд. Инчунин, сето чунин парвандаҳо дар марҳилаҳои баррасии судӣ қарор доранд.

Аз оғози соли 2014 Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон бори аввал дар 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мониторинг гузарониданд. Дар мониторинги солҳои 2014-2016-ум 10 қисми ҳарбӣ фаро гирифта шуданд, ки дар манотиқи куҳӣ ва дурдаст ҷойгиранд. Ҳамзамон, суҳбат бо 200 сарбоз ва афсарони қисмҳои низомӣ гузаронида шуда буд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

NoTorture.Tj