Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро бо иди касбиашон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрик мегӯяд! Ба кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саломатӣ ва дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, барои истодагарии бошарафонаашон дар ҳимояи тартиботи ҳуқуқӣ бурдборӣ хоҳонем!        

10.11.2024 - 09:55

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои зеринро доир намуд: Маъракаи иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» Аз 1-уми июн [1] то 6-уми ноябри соли 2024 бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди...

08.11.2024 - 15:53

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Кӣ бояд наздикони боздоштшударо дар бораи боздошти ӯ огоҳ кунад? ПОСУХ: Дар бораи боздошти шахс ва маҳали қарордоштаи боздоштшуда ё тағйир ёфтани маҳали қарордорӣ мақомоти боздошткунанда, ки истеҳсолоти судии ҷиноятиро пеш мебарад ва...

07.11.2024 - 12:05

Дар раванди Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сухангӯи муколама Алишер Ҳайдаров оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши адвокатураву фаъолияти адвокатӣ дар кишвар изҳори назар кард. - Бо қабули Конститутсия аз 6-уми ноябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама...

07.11.2024 - 11:48

1) муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ; 2) нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд; 3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи...

07.11.2024 - 10:19

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониёни азизро ба муносибати санаи барои мардум муҳим - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯяд! Ин сана на танҳо рӯзи махсус дар тақвим, инчунин ҷашни давлатиест, ки рамзи давлати озоду мустақил дар таърихи навини халқи тоҷик гардидааст.      

06.11.2024 - 14:28

Дар рафти Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар Душанбе баргузор гардид, Элина Штайнерте (Dr Elina Штейнерте), узви Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа дар мавзӯи «Тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва мониторинги мунтазами ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ: воситаҳои асосии иҷрои уҳдадории пешгирии шиканҷа» баромад...

05.11.2024 - 12:40

Зимни Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, коршиноси мустақили байналмилалӣ Виктор Захария дар мавзӯи «Муколамаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баромад кард. Вай таваҷҷуҳро ба арзиши изофии боздидҳои пешгирикунанда дар...

04.11.2024 - 16:23

1-уми ноябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Душанбе машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар...

01.11.2024 - 21:54

Мо бандҳои боби 3-и Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки ба озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, бахшида шудаанд, намоён намудем.        

01.11.2024 - 15:41

Страницы