Article Pages

Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд. Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем. Рӯзҳои 17-18-уми августи соли равон бо...

20.08.2020 - 17:53

Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстони азиз! Ба таваҷҷӯҳи Шумо инфографикаи "Мафхуми "Шиканча"" -ро пешниҳод менамоем.

18.08.2020 - 20:15

Дар робита ба марги сарбози қисми низомии "87740"-и Вазорати дифои Тоҷикистон, Рамазон Зоиров, чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кардаанд. Ҷасади Рамазон Зоировро охири моҳи июл ба волидонаш дар ноҳияи Рӯдакӣ супурданд. Мақомот мегӯянд, ӯ тасодуфан худро паррондааст, вале хонаводааш бовар надоранд. Як муфаттиши Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми август боздошти чаҳор сарбозу...

12.08.2020 - 14:21

Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстони азиз! Ба таваҷҷӯҳи Шумо инфографикаи "Муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо" -ро пешниҳод менамоем.

11.08.2020 - 20:12

Дар моҳҳои май-июни соли 2020 ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои фаъолони вилоятҳои Хатлону Суғд 90 маҷмӯаи воситаҳои муҳофизати шахсӣ (ниқоб бо пардаи муҳофизатӣ, респираторҳо, антисептикҳо, сипарҳо, дастпӯшакҳо), инчунин витаминҳо харидорӣ намуд. Воситаҳо бо дастгирии молии URGENT Fund ва Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон муҳайё карда шуданд...

06.08.2020 - 16:38

Мутахассисони ТҶ “Наҷоти кӯдакон” аз лаҳзаи эълони расмии мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон ба гуруҳи мобилӣ пайваста, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус чорабинӣ гузарониданд. Ҳамин тавр, оид ба пешгирии COVID-19 дар доираи барномаи “Аз хона ба хона” дар ноҳияву ҷамоатҳои алоҳидаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (Ҳамадонӣ, Фархор, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Восеъ)...

05.08.2020 - 11:04

Дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ба кӯдаконе, ки дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғони Я/С 3/12 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо мекунанд, ба кормандони ин муассиса, инчунин ба шахсони аз шиканҷа зарардида ва аъзои оилаҳои онҳо кумак расонида шуд. Аз ҳисоби воситаҳои ташкилот ва ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» воситаҳои гигиенӣ (собун, шампун, хамираи дандоншӯӣ), воситаҳои...

04.08.2020 - 19:46

Як сарбози 22-солаи Вазорати дифои Тоҷикистон ҳангоми хидмат аз захми тири силоҳ ҷон бохтааст. Ҷасади Рамазон Зоировро ҳафтаи гузашта ба волидонаш дода, гуфтаанд, ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир зад ва дар роҳ ба бемористони ҳарбӣ фавтид. Пайвандонаш мегӯянд, бо вуҷуди таъкидҳои мақомот, ки ҷасади сарбоз шустааст ва бояд зуд дафн карда шавад, ӯро дубора шустанд ва диданд, ки "тир аз...

02.08.2020 - 10:59

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зиддии шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо бо Иди Қурбон табрик менамояд!  Ба шумо ҷашни зебо, дурахшон ва шодмонӣ орзумандем! Бигзор на танҳо имрӯз, балки ҳамарӯза рӯҳияи баланд, меҳрубонӣ  ва хушбахтӣ ҳамроҳи шумо бошанд. Муваффақият, муҳаббат, шукуфоӣ, ва осоиштаги!   Ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар...

31.07.2020 - 06:57

Аз ҷониби Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар доираи лоиҳаи шарикии ҷумҳуриявии “Ҳуқуқ ба тандурустӣ - арзиши муҳими инсон” бо дастгирии молиявии OSIAF-Tajikistan телефони боварии (+992) 927703769 ташкил карда шудааст, ки ба расонидани машварати ҳуқуқӣ ба мизоҷони беморхонаҳо ва худи кормандони тиббӣ машғул аст. Ҳар моҳ тариқи телефони боварӣ то 20 занги телефонӣ...

30.07.2020 - 12:42

Страницы