Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз ҷониби Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар доираи лоиҳаи шарикии ҷумҳуриявии “Ҳуқуқ ба тандурустӣ - арзиши муҳими инсон” бо дастгирии молиявии OSIAF-Tajikistan телефони боварии (+992) 927703769 ташкил карда шудааст, ки ба расонидани машварати ҳуқуқӣ ба мизоҷони беморхонаҳо ва худи кормандони тиббӣ машғул аст. Ҳар моҳ тариқи телефони боварӣ то 20 занги телефонӣ ворид мешавад.
Дар се шаҳри вилояти Суғд - Исфара (11-уми марти соли 2020), Хуҷанд (13-уми марти соли 2020), Панҷакент (27-уми марти соли 2020) дар мавриди боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии бенефисиарҳо оид ба механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳояшон ҳангоми хизматрасонии тиббӣ семинарҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд. Дар ҳар як семинар 100-нафарӣ иштирок доштанд. Ба намояндагони «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд» дар семинар қисмати алоҳида ҷудо карда шуд, ки онҳо оид ба сирояти нави коронавирус маълумот пешниҳод намуданд. Лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2019 оғоз шуд, аммо давраи амалисозиаш ба замони пандемия дар тамоми ҷаҳон рост омаду дастаи лоиҳа фавран ба фаъолияти лоиҳавӣ тағйироти зарурӣ ворид намуд, аз ҷумла расонидани кумаки ҳуқуқии иттилоотӣ дар давраи паҳншавии сирояти коронавирус.
Инчунин, моҳи июни соли 2020 дар доираи лоиҳаи Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - “Озодии ВАО - кафолати шаффофият” бо иштироки намояндагони фаъоли ВАО ток-шоу гузаронида шуд, ки онҷо нақши ВАО дар рушди ҷомеаи демократӣ ва паҳнсозии иттилооти боэътимод дар давраи пандемия дар Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид. Дар ҷараёни ток-шоу оид ба зарурати таъмини дастрасии озоди ВАО ба манбаъҳои муътамад дар масъалаи пандемия ва муҳимияти ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ дар ин масъала зикр карда шуд.
Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фаъолияташро дар самти дастгирии бенефисиарҳо барои таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони тиббӣ дар ҳолатҳои нақз гардидани ҳуқуқҳояшон идома медиҳад.