Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
17-уми июни соли 2021 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар содири як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров айбдор дониста мешуданд, эълон кард.
Ҳасан Ёдгоров соли 2017 давоми ним сол бо гумонбарӣ дар содир кардани ҷинояти куштор дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дошт ва баъди он, ки қотили асосӣ пайдо шуд, ба озодӣ баромад. Ӯ ба шиканҷаи вазнин дар шуъбаи милитсия тоб наоварда, нишондоди худиқрориро имзо кардааст.
Бояд гуфт, ки нисбати Ш. Азизов - ваколатдори калони фаврии бахши деҳотии милитсияи «Пахтаобод»-и шаҳри Турсунзода, С. Давлатмуродзода - ваколатдори калони фаврии ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, Э. Наимов - ваколатдори калони фаврии корҳои махсусан муҳими Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда буд.
Парвандаи мазкур моҳи августи соли 2019 ба Суди Олӣ ирсол карда шуда буд. Моҳи январи соли 2020 Суди Олӣ парвандаро барои бартараф кардани норасоиҳо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида буд.
Дар рафти баррасии такрории парванда, ки моҳи марти соли 2021 аз сар гирифта шуд, судшавандаҳо дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаҳои 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва нисбати онҳо чунин ҳукм бароварда шуд: Ш. Азизов ба муҳлати 13 сол, С. Давлатмуродзода 12 сол ва Э. Наимов 10 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Маълумоти муфассалро баъди дастрас кардани нусхаи ҳукмнома пешниҳод менамоем.