Таваҷҷуҳ ба ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон

Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст дастрасиро ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва cобиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон беҳтар намояд.

Бино ба гуфтаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, баъди озод шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ собиқ маҳкумшудагон эҳсосоти гуногун доранд. Аз як тараф, онҳо озодӣ ва ҳаракати худро барқарор мекунанд, аз ҷониби дигар, ба монеаҳои барқарорсозии ҳаёти шахсии худ, ҷустуҷӯи кор дучор мешаванд ва аксар вақт ба кумаку дастгирӣ дар реинтегратсияи иҷтимоӣ ниёз доранд.

- Лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда - “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва cобиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” таваҷҷуҳи худро ба дастгирии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар рафъи ин монеаҳо ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бо амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании онҳо равона кардааст. Дар давоми ду соли татбиқи лоиҳа чорабиниҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳии шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон фаро гирифта шуданд. Боз ба 1100 нафар собиқ маҳкумшудагон, ки пас аз озод шуданашон дар барқарорсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии худ бо душворӣ рӯ ба рӯ буданд, кумак расонида шуд,- зикр мекунад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки лоиҳа дар 10 шаҳру маркази ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, Б. Ғафуров, Восеъ, Панҷакент, Деваштич ва Ҷайҳун фаъол буда, ҳамагӣ 300 нафар маҳкумшудагон (аз ҷумла 150 нафар занон) пеш аз озод шуданашон машваратҳои реинтегратсияи иҷтимоӣ гирифтаанд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар таҳияи «Барномаи реинтегратсияи иҷтимоии собиқ маҳкумшудагон» фаъолона иштирок намудаанд. Лоиҳа инчунин дар баланд бардоштани иқтидори шарикони СҶШ, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок доштанд, саҳм гузоштааст.

- Чорабинии ниҳоии лоиҳа дастовардҳо, дарсҳои омӯхташуда ва тавсияҳо барои муколамаи минбаъдаи сиёсӣ оид ба пешбурди ҳуқуқи инсони ин гуруҳи осебпазирро баррасӣ хоҳад кард. Намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалие, ки ба ислоҳоти бахши ислоҳотӣ машғуланд ва васоити ахбори омма корҳои анҷомдодашударо бо маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон баррасӣ хоҳанд намуд. Ҳамкории муштараки сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар доираи лоиҳа инчунин ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии маҳкумшудагон ва ҳуқуқи собиқ маҳкумшудагон тавассути чорабиниҳои оммавӣ, барномаҳои маърифати шаҳрвандӣ ва машваратҳо, тарғиби фазои мусбат дар байни маҳкумшудагон, муносибат ва рафтори мусбат аз ҷониби кормандони маҳбас муваффақ буд,- меафзояд манбаъ.

NoTorture.Tj