Тоҷикистон: дувумин солгарди боздошти ҳомии ҳуқуқ Манучеҳр Холиқназаров - ӯ бояд фавран озод карда мешуд

Имрӯз солгарди пурандуҳи боздошти ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи инсони тоҷик Манучеҳр Холиқназаров аст. Ӯ 28-уми майи соли 2022 боздошт шуда, ду сол боз дар зиндон аст ва барои фаъолияташ дар самти ҳуқуқи инсон 16 соли зиндонро сипарӣ мекунад. Созмонҳое, ки ин изҳоротро нашр кардаанд - Шарикии байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR), Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Бунёди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (HFHR Полша), Кумитаи норвежии Ҳелсинки (NHC), Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон (FIDH) ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT) дар чаҳорчӯбаи Нозирони дифоъ аз ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии Манучеҳр ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ӯро фавран ва бидуни қайду шарт озод намоянд.

«Манучеҳрро танҳо барои талошҳои пайвастааш барои ҳифзи осебпазиртарин қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсон боздошт ва зиндонӣ карданд. Мо мубориза бо ин ҳукми ноодилонаро қатъ намекунем, то даме ки ӯ озод шавад ва ба хонааш ба назди оилааш баргардад»,- эълом дошт Бриҷит Дюфур, директори IPHR.

9-уми декабри соли 2022 Суди Олии Тоҷикистон Манучеҳрро тибқи моддаҳои 187, қисми 2 (иштирок дар созмони ҷиноятӣ) ва 307 (3), қисми 2 (иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ бо фаъолияти ифротгароёнааш) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 16 сол аз озодӣ дар колонияи низомаш шадид маҳкум кард.

Манучеҳр директори Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир (LAP), яке аз камшумор созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон мебошад, ки ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон машғул буд.

Аз 25 то 28-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар пайи куштори ҷавон Гулбиддин Зиёбеков эътирозҳои оммавӣ ба вуқуъ пайвастанд. Пас аз анҷоми тазоҳурот Манучеҳр барои таҳқиқи ҳодисаҳо ба "Комиссияи 44" пайваст, ки аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иборат буд. Манучеҳр ба шарофати таҷрибаи касбии худ ба як гурӯҳи муштараки тафтишотӣ таҳти сарварии Прокуратураи генералӣ шомил шуда, дар расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни боздошти худсарона дар эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 ёрмандӣ кардааст.

Аммо дар моҳи майи соли 2022 мавҷи нави саркӯбиҳо алайҳи эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ оғоз шуд. 28-уми майи соли 2022 Манучеҳр ҳамроҳи дигар аъзои “Комиссияи 44” бо иттиҳоми “иштирок дар созмони ҷиноятӣ” ва “даъватҳои оммавӣ ба тағйири хушунатомези сохти конститутсионӣ” боздошт шуд. Мурофиаи судии онҳо 20-уми сентябри соли 2022 оғоз шуда, паси дарҳои баста дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Баъди ҳукми суд Манучеҳрро ба колонияи шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Ҳангоми нигоҳдорӣ дар ҳабс вазъи саломатии Манучеҳр бахусус бинобар мушкилоти сутунмуҳрааш хеле бад шуд. Мақомот бояд дастрасии ӯро ба ёрии тиббии муносиб таъмин кунанд ва муолиҷаи ӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ комилан мувофиқат кунад, то вақте паси панҷара қарор дорад.

Ба ҷуз созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи инсон, Гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон ва дигар коршиносони байналмилалии ҳуқуқи инсон борҳо аз боздошти Манучеҳр изҳори нигаронӣ карда, хостори раҳоии ӯ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин даъватҳо гӯш диҳанд, то ӯро билофосила раҳо кунанд ва иҷоза диҳанд, ки ба хонаводааш пайвандад.

https://iphronline.org/ru/articles/tadzhikistan-vtoraya-godovshhina-aresta-pravozashhitnika-manuchehra-holiknazarova-on-dolzhen-byt-nemedlenno-osvobozhden/

 

Источник: IPHR