Тоҷикистон талаби СММ барои таҳқиқи марги Хуршедро иҷро накард

Як созмони ҷамъиятӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид навиштааст, ки Тоҷикистон дархости ин созмон барои таҳқиқи парвандаи марги Хуршед Бобокалоновро иҷро накардааст.

"Тоҷикистон талаби шуморо иҷро накард"

Хуршед Бобокалонов, табиби 33-солаи тоҷик дар соли 2009 ҳангоми боздошти кормандони милиса фавтид ва парвандаи марги ӯ дар 12 соли ахир яке аз парвандаҳои пурсарусадои шиканҷа дар Тоҷикистон буд, ки борҳо дар долону толорҳои Созмони Милал дар бораи он суҳбат кардаанд. Пайвандонаш бовар доранд, ки ӯ зери шиканҷа фавтидааст, вале мақомот инро рад мекунанд.

Соли гузашта Кумитаи Ҳуқуқи башари СММ дар посух ба номаи Саодат Қулиева, модари Хуршед аз ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро карда буд.

Созмони ҷамъиятии "Маркази мустақили ҳимоя аз ҳуқуқи инсон", ки ба модари Хуршед кумак мекард, рӯзи 16-уми декабр дар номае ба ин Кумитаи СММ хабар додааст, ки Тоҷикистон ҳеч чорае дар робита ба дархости онҳо анҷом надодааст.

Кумитаи Ҳуқуқи Башар соли гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки парвандаро дигарбора бардоранд, дурусту муносиб таҳқиқ кунанд ва барои ранҷе, ки модари Хуршед дар ин муддат кашидааст, ҷуброн бипардозанд. Ҳукумат барои посух ба ин нома се моҳ муҳлат дошт, вале бо гузашти як сол чорае надидааст.

Мақомоти тоҷик шарҳ надоданд, ки чаро ин парвандаро дубора таҳқиқ накарданд, вале дар номаи "Маркази мустақили ҳимоя аз ҳуқуқи инсон" гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви СММ бояд дархости Кумитаи Ҳуқуқи Башарро иҷро мекард.

Ин Марказ дар номаи худ ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ навиштааст, ки тамоми талошҳои онҳо давоми як сол барои бозбинии парванда натиҷа надод. Додситонии кулл, додгоҳи ноҳияи Сино шикоятҳои такрории модари Хуршед Бобокалоноваро қонеъ накарданд.

"Адолат ҳаст, вале на дар кишвари мо.”

Саодат Қулиева модари 67-солаи Хуршед Бобокалонова соли гузашта аз ин ки ба номааш Созмони Милали Муттаҳид посух додааст, хурсандӣ кард. Ӯ гуфта буд, санаде, ки ба даст овард, нишон медиҳад, ки “дар ҷое адолат ҳаст, вале на дар кишвари мо.”

Қазияи марги Хуршед Бобокалонов, табиби тоҷик дар соли 2009 борҳо расонаӣ шудааст. Ӯро рӯзи рӯзи 27-уми июн дар маркази Душанбе ҳангоми бозгашт аз толори варзишӣ маъмурони милиса дастгир карда ва хостаанд, ки борхалтаи варзишиашро тафтиш кунанд. Баъди сарпечӣ ва пурсидани сабабҳои тафтиш, байни ду тараф гӯё кашмакаш сурат гирифтааст ва тақрибан 10 маъмури милиса ӯро бо зӯр ба мошин бор карда бурдаанд.

Як рӯз баъд рӯзи 28-уми июни соли 2009 ба модари Хуршеду ҳамсараш хабари шуми марги ӯро расонданд. Саодат Қулиева вақте ба сардхона омадааст, намояндаи Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ӯ гуфтааст, “писаратон бисёр маст буд ва бар асари қай кардану нафасгир шудан фавтид.” Ба ӯ иҷоза надодаанд, ҷасадро бубинад ва ҳам нагуфтанд, ки писараш шаби гузашта куҷо буд, ки бо ӯ чунин шуд.

Баъд аз даводаву илтиҷову зораву гиря, ҷасади писарро ба хона оварданд. Ҷасаде, ки ба гуфтаи модар аз сар то ба по осори латукӯбу шиканҷа дошт. Саодат Қулиева, дар шикояташ ба Созмони Милал ҷасади писарашро чунин тасвир кардааст: “Варами зиёду сиёҳӣ, харошидагӣ дар бинӣ, манаҳ ва сар. Вақте ҷасадашро дар назди хешовандон шустанд, дар чандин ҷои он осори захм буд, рӯяш кабуд ва осори буридагӣ дар манаҳ ва пушти ӯ.”

Аммо хулосаи колбадшикофӣ ва ё ташхиси додгоҳие, ки додситонӣ ба Саодат Қулиева додааст, ин будааст, ки писари шумо дар натиҷаи нафасгир шудан аз қай кардан фавтидааст. Баъди шикояти модар ба додситонӣ, соли 2009 парвандаи ҷиноӣ бо моддаи “марг бар асари беэҳиётӣ” боз карданд, вале хулосаи дуввуми ташхиси тиббии додгоҳиро ба ӯ надоданд, чун ба гуфтаи додситон “сирри тафтишот” будааст.

Парвандаро чанд моҳ баъд ба далели маълум нашудани “омили ҷиноят” бастанд, вале баъди пофишориву дар ба дар гаштанҳои Саодат Қулиева дигарбора соли 2011 боз карданд. Дар ниҳоят ба ӯ натиҷаҳои ташхиси дуввуми додгоҳиро додаанд, ки онҷо омадааст, сабаби марг “бемории қалб” буд. Беморие, ки ба гуфтаи Саодат Қулиева писараш ҳеҷ гоҳ надошт ва шикояте ҳам аз дарди дил намекард.

Мақомот ҳамчунин шарҳ дода натавонистаанд, ки чаро либосҳои писараш олуда ба хун буд ва онро тар ба ӯ доданд ва осори хун аз ин либосҳо нарафта буд. Баъдан муфаттишон гуфтаанд, ки натиҷаҳои ташхиси додгоҳии хун дар либосро “гум” кардаанд.

Посухҳои Додситонии Тоҷикистон ба Созмони Милал

Додситонии Тоҷикистон дар посух ба дархостҳои Созмони Милал як чизро такрор кардааст, ки Хуршед маст буд, маъмурони милисаро дашном дод ва баъди боздошт “бар асари бемории дил” даргузашт. Аммо дар хулосаи кумита омадааст, ки додситонии Тоҷикистон далеле наовардааст, ки гуфтаҳояшро собит карда тавонад.

Бо вуҷуди муроҷиату шикоятҳои расмӣ дар ниҳоят соли 2012 додситонӣ гуфтааст, ки “ҳеҷ касе гунаҳкори марги Хуршед Бобокалонов набуд.” Дар муддати 5 сол ба гуфтаи модар, ҳукумати Тоҷикистон натавонист, парвандаи писарашро дурусту ҳаматарафа таҳқиқ кунад. Баъд аз ин ҳама ӯ бо мусоидати вакилаш соли 2015 ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал шикоят бурд, то назарашро бигӯяд, ки то куҷо мақомоти Тоҷикистон ба доди ӯ расиданд.

Кумитаи Ҳуқуқи Башар баъд аз 5 сол ва радду бадалҳо дар бораи парванда бо мақомоти Тоҷикисто, соли гузашта дар номае гуфтааст, ки мақомоти расмӣ парвандаро дурусту ҳаматарафа таҳқиқ карда натавонистаанд ва ҳуқуқи модар ва писараш Хуршед Бобокалоновро зери по кардаанд, модарашро ин қадар сол азоби равонӣ додаанд. Дар хулосаи кумита, ки Радиои Озодӣ нусхаи онро дида буд, омадааст, ҳукумати Тоҷикистон зимни таҳқиқи парвандаи марги Хуршед Бобокалонов чандин банди Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсиро риоят накардааст.

Оzodi.org