Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо мақсади боло бурдани иқтидори кормандони муассисаҳои руҳӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар системаи таъмини кумаки руҳӣ ва мониторинги ҳуқуқи инсон тренинг (13-15-уми июн) баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории тренинг боло бурдани иқтидори кормандони тиббию техникӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мизоҷони муассисаҳои руҳӣ мебошад. Иштирокдорони тренинг мавзуҳоеро аз қабили «Қонунгузории миллии ҳуқуқи мизоҷон дар МР», «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони тиббию техникӣ», «Бехатарии мизоҷони муассисаҳои руҳӣ», «Ҳуқуқи мизоҷони муассисаҳои руҳӣ ба дастрасӣ ба иттилоот оид ба истифодаи воситаҳои доруворӣ», «Табобату нигоҳубини иҷборӣ», «Ҳуқуқи мизоҷ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (шиканҷа чист, навъҳои шиканҷа, шикоят ва ҷавобгарии ҷиноятӣ)» ва «Мутобиқшавӣ тавассути меҳнат» баррасӣ намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии ҳуқуқу имкониятҳои мардум дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад, гузаронида шуд.