Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 31-уми май то 2-юми июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади боло бурдани иқтидори кормандони муассисаҳои руҳӣ, кормандони тиббӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар системаи таъмини кумаки руҳӣ ва мониторинги ҳуқуқи инсон тренинг баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории тренинг боло бурдани иқтидори кормандони тиббию техникӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мизоҷони муассисаҳои руҳӣ мебошад. Иштирокдорони тренинг мавзуҳоеро аз қабили «Ноозологияи мизоҷ бо ихтилоли руҳӣ. Ба мизоҷ чӣ гуна бояд кумаки тиббӣ расонид?», «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони тиббию техникӣ», «Ҳуқуқи мизоҷони муассисаҳои руҳӣ», «Табобату нигоҳубини иҷборӣ», «Ҳуқуқи мизоҷ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (шиканҷа чист, навъҳои шиканҷа, шикоят ва ҷавобгарии ҷиноятӣ)» баррасӣ намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии ҳуқуқу имкониятҳои мардум дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад, гузаронида шуд.