Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе
Рӯзҳои 14-15 октябр ду тренинги якрӯза барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба таҳкими муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути таҳияи системаи ҷамъоварии маълумот баргузор гардид. Дар онҳо қариб 40 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Соли 2024 дар Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст, ин тренингҳо дар баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон саҳми беназире гузошт.
Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳуқуқи инсон бо назардошти мушкилоти мавҷуда ниҳоят муҳим аст. Муассисаҳои давлатӣ аксар вақт ба маълумоте, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъоварӣ мекунанд, эътимод надоранд ё қабул намекунанд ва дар оморе, ки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузориш медиҳанд, тафовути ҷиддӣ вуҷуд дорад. Барои самаранок пешбурди ҳуқуқҳои инсон, системаи шаффоф ва устуворӣ ҷамъоварии маълумот зарур аст.
“Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аксар вақт бо набудани системаи ягонаи ҷамъоварии маълумот ва номутобиқатии нишондиҳандаҳо рӯбарӯ мешаванд. Дастрасӣ ва шаффофияти ҳама гуна маълумот оид ба ҳуқуқи инсон ба таҳкими ҳифз ва пешбурди ин ҳуқуқҳо дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Умедворем, ки ин тренингҳо қадами аввалин дар роҳи ташкили чунин низом хоҳад буд ва талошҳои умумиро барои пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон тақвият хоҳад дод”, - қайд кард Гулчеҳра Холматова, Раиси ташкилоти чамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» зимни суханронии ифтитоҳӣ.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва ҳамчунин лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз нигоҳи гендерӣ: тадқиқот, муколама ва баланд бардоштани огоҳӣ», ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Барномаҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъияти «Дунёи ҳуқуқ» бо ҳамкорӣ бо Фонди Ҳолландӣ «Perspectivity Challenge» амалӣ мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан бо Анел Тлеукеш, Менеҷер оид ба робита, тавассути почтаи электронӣ communications.manager.pr@worldlawtj.org тамос гиред.