Тренинги кормандони колония барои ноболиғон дар шаҳри Душанбе

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар тренингҳои навбатиро гузаронид.

Ин навбат тренинг аз силсилаи «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа, Қоидаҳои Мандела, Қоидаҳои Пекинӣ, Қоидаҳои Бангкокӣ, Протоколи Истамбулӣ) 8-9-уми июн дар колонияи барои ноболиғон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳар як чорабинӣ 25-нафарӣ - кормандони тиббӣ, роҳбарони гуруҳҳо, кормандони фавриву ҳарбӣ, кормандони омӯзанда ва равоншиносон буданд.

Баромадкунандагон оид ба Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳо (ҳуҷҷатҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва тавсияҳои асосии оҷонсиҳои СММ) сухан гуфта, меъёрҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлатҳоро шарҳ дода, инчунин дар мавриди Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо, ҳамзамон, оид ба махсусиятҳои равонии маҳбусони ноболиғ, касбияти мутахассисон ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷаву муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ суҳбат карданд.

Тренинги нахустин аз ин силсила, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар ҶТ дастгирӣ ёфт, аввали моҳи март доир гардид. Аз он вақт то ин ҷониб як қатор тренингҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Душанбе баргузор гардиданд.

NoTorture.Tj