Тренинги зидди шиканҷа барои ҷавонон

25-уми июн дар Душанбе дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, бо дастгирии молиявии Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон тренинги «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид.

Дар дафтари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, тренинг доир гардид. Дар тренинг зиёда аз 20 нафар ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок карданд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсади асосии чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона буд.

«Чунин намуди чорабиниҳо дар оянда барои коркарди таҳаммулпазирии сифрӣ ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона миёни ҷавонон мусоидат хоҳанд намуд»,- мегӯяд директори ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова.

Ба ҳайси сухангӯи чорабинӣ адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шарипов Абдураҳмон баромад намуд. Дар рӯнамоии худ ӯ ба иштирокдорони чорабинӣ дар бораи меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷа ва қонунгузории миллӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа нақл кард.

«Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо шиканҷаро дар дилхоҳ ҳолат манъ мекунад. Конвенсия супоридани шахсро ба давлате, ки он ҷо ба ӯ хатари ҷиддии шиканҷа таҳдид мекунад, манъ менамояд ва уҳдадории таъқиби ҷиноятиро барои шиканҷа муқаррар месозад. Ин Конвенсияи СММ соли 1984 қабул гардида, соли 1987 ба қувваи қонунӣ даромадааст»,- зикр намуд Абдураҳмон Шарипов.

Қисми дуюми тренинг амалӣ буд. Иштирокдорон ба гуруҳҳо тақсим карда шуданд, ки мебоист вазифаҳои шартиро барои пурра намудани матлаб иҷро мекарданд.

Ба гуфтаи иштирокдорони тренинг, чорабинӣ ҷолиб ва қобили қабул буд.

«Сухангӯ ба мо дар мавриди механизмҳои милливу байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, оид ба таҷрибаи кории худ дар самти усулҳои кор бо шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷа нақл кард. Фикр мекунам, ки барои мо - ҳуқуқшиносони ҷавон тренинг на танҳо ҷолиб, балки аз ҷиҳати ба даст овардани донишҳои ҳуқуқиву таҷрибаи амалӣ қобили қабул буд»,- мегӯяд фаъоли пойтахт Ширинҷон Ҳабибуллозода.

Қисми сеюму ҷамъбастии чорабинӣ ба суолу ҷавобҳо бахшида шуд. Иштирокдорон хеле фаъолона ба ҳалли ҳолатҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Абдураҳмон Шарипов ба саволҳои фаъолони ҷавон посух дода, аз таҷрибаи ҳуқуқҳимоясозии худ мисолҳо овард. Иштирокдорон ба ҳама саволҳои худ посух гирифтанд.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»