Умедҷон Тоҷиев дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузашт

Умедҷон Тоҷиев дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузашт

Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузаштааст.

Ҳасанбой Тоҷиев, бародари Умедҷон Тоҷиев рӯзи 20-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳамин ҳоло ҷасади бародарашро аз беморхонаи маҳбаси Хуҷанд гирифта ба Исфара мебаранд. Ба гуфтаи Ҳасанбой Тоҷиев, бародараш соати 13:00 рӯзи якшанбе дар беморхонаи маҳбас ҷон додааст. Вай афзуд, вақте ҷасади бародарашро ба онҳо медоданд, табибон дар робита ба сабаби марги ӯ шарҳе надоданд. Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки сабаби даргузашти зерҳимояашро мушаххас хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол мақомоти ҲНИТ мегӯянд, ки Умедҷон Тоҷиев аз сактаи қалбӣ дар беморхонаи маҳбаси Хуҷанд даргузаштааст. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон доир ба иллати даргузашти Умедҷон Тоҷиев гуфт, тавре ба вакили мудофеаш дар беморхонаи маҳбас шарҳ додаанд, қалбаш ба таври ғайримунтазира аз задан бозмондаст.

Саидумар Ҳусайнӣ аз қавли вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев афзуд, ки пас аз боздошт дар идораи пулиси Исфара, ӯро шадидан латту кӯб карданд ва боз барои ба гардан гирифтани гуноҳ ба ӯ барқ задаанд ва ин ҳама ба қалбаш таъсир кардааст, ки ниҳоят якбора дилаш аз задан мондааст. Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ки феълан Ҳизби наҳзати исломӣ дар садади ин аст, ки ба унвони Додситони кулл барои мушаххас кардани сабаби даргузашти Умедҷон Тоҷиев дар беморхонаи маҳбаси Хуҷанд, муроҷиат намояд, то ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор диҳад.

Чанд рӯз қабл, Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ки дар боздоштгоҳи Хуҷанд ба сар мебурд, бар асари сардӣ дар утоқи боздоштгоҳ дарди пойҳояш хуруҷ кардаанд ва масъулони боздоштгоҳ ӯро дар беморхонаи маҳбаси Хуҷанд «1К-19» бистарӣ карда буданд. Юсуф Дониёров, вакили дифои Умедҷон Тоҷиев рӯзи 16-уми январ ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфта буд, ки шароити беморхонаи маҳбас беҳтар аз СИЗО буда, дар онҷо пизишкҳо пайваста муоина мекунанд. Вай афзуд, ки пойҳои шикастаи Умедҷон як каме беҳтар шуда буд, аммо аз таъсири хунукиҳои зиёди ахир дарди пойҳояш хуруҷ карданд.

Қаблан вакили мудофеъ барои дар шароити беморхона табобат ёфтани Умед Тоҷиев ба додситонии вилоят муроҷиат карда буд ва баъди тақрибан як моҳ додситонӣ посух дод, ки ба беморхона интиқол додани вай зарурат надорад. Ин дар ҳолест, ки Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро анҷом дода, дар авоили ҳамин моҳ барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Исфара фиристода буд.

Умедҷон Тоҷиев бо моддаи 187, қисми 2(ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), моддаи 307(ҳамкорӣ бо созмони экстремистӣ) ва бо моддаи 307, қисми 2 (узвият дар гуруҳи экстремистӣ) айбдор мешуд. Манзур аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи экстремистӣ созмони Ансоруллоҳ мебошад, ки гӯё ба назари мақомоти интизомии Исфара Умедҷон бо ин созмон ҳамкорӣ доштааст.

Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони умури дохилаи Исфара рӯзи 30 октябри соли 2013 дар бозори деҳаи Ворух боздошт ва ҳамон рӯз бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара бо ҷурми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.

Озодӣ