Article Pages

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад. «Барои таъмини тамоми шӯъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар...

18.01.2013 - 16:00

Раиси Суди Олии Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаҳо вобаста ба шиканҷа дар кишвар кам шудааст. Бино ба қавли Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ, дар соли гузашта дар маҷмӯъ 23 парванда нисбат ба 23 нафар дар мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2011 ин нишондод 15 парванда кам аст. Нусратулло Абдуллоев дар ҳоле парвандаҳои марбут ба шиканҷаро дар қиёс бо соли...

16.01.2013 - 15:21

Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январ дар як изҳорот аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов, ва раҳбари созмони мухолифин Гурӯҳи 24 изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст,  ӯ дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.  Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон, ки соли гузашта...

11.01.2013 - 21:09

Дар Душанбе барои ҳуқуқдонҳо семинор ва давраи омӯзишӣ дар заминаи кор бо қазияҳои марбут ба шиканҷа баргузор шуд. Ин семинор барои ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъи тоҷик тавассути созмони ғайридавлатии “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар” иҷро мешавад. Сергей Романов, ҳамоҳангсози ин тарҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар семинор ва давраҳои бозомӯзии мазкур, вакилони мудофеъ ва ҳуқуқдонҳо бо...

11.01.2013 - 20:11

Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони "Гуруҳи 24", барои раҳоии шавҳараш аз Созмони Афви Байналмилал (AI) кӯмак хостааст. Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, сардори созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, "Гурӯҳи 24", ки дар даҳаи ахири моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шудааст, аз Созмони  Афви Байналмилал (Amnesty International) хостааст,...

08.01.2013 - 20:13

Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода, ки 20-уми сентябри соли гузашта эҳтимол бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи ташхис пешакӣ маълум аст, зеро коршиносон ба хулоса...

04.01.2013 - 14:59

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал - демократи Тоҷикистон, мегӯяд мақомоти тоҷик ба пешниҳодаш оид ба таъсиси комиссияи вижа барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо то ҳол вокунише нишон надодааст. Раҳматулло Зоиров рӯзи панҷшанбе, 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол ба пешниҳодашон оид ба таъсиси комиссия аз Кумитаи амниятии миллӣ, Омбудсмен ва Маҷлиси намояндагон ҷавобе...

03.01.2013 - 13:53

Суди шаҳри Хуҷанд корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Хусрав Ниёзқуловро барои истифодаи шиканҷа ба 1 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ба итмом расида, Х.Ниёзқулов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа)...

28.12.2012 - 12:13

Падару модарони маҳбусони ноболиғе, ки дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа нисбати фарзандонашон аз ҷониби кормандони муассиса шикоят оварданд. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо баъди сардори нави муассиса таъин шудани Исмат Қурбонов оғоз гардидаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» волидайни маҳбусони ноболиғ хабар доданд, рӯзи душанбе онҳо бо чунин шикоят ба...

25.12.2012 - 14:51

Зиндону ҳоли зиндониёни Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз пушти панҷараҳои оҳанин ба сафҳаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ рехта, ба мавзӯъи баҳси созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон табдил ёфтааст.   Сар аз фирори 25 маҳбус аз зиндони рақами 1 дигар ҳафтае нест, ки дар расонаҳо мавзӯъи зиндону зиндониён матраҳ набошад. Номи Изатулло Шарипов, ба истилоҳе "зиндонбони рақами 1", ки аз фаъолияти...

23.12.2012 - 11:23

Страницы