Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Душанбе барои ҳуқуқдонҳо семинор ва давраи омӯзишӣ дар заминаи кор бо қазияҳои марбут ба шиканҷа баргузор шуд.
Ин семинор барои ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъи тоҷик тавассути созмони ғайридавлатии “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар” иҷро мешавад.
Сергей Романов, ҳамоҳангсози ин тарҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар семинор ва давраҳои бозомӯзии мазкур, вакилони мудофеъ ва ҳуқуқдонҳо бо тозатарин асноди байналмилалӣ ва иттилоъот дар заминаи мубориза бо шиканҷа ошно мешаванд.Ин иқдом дар чорчуби тарҳи “Мубориза бо шиканҷа ва беҷазо мондан дар Тоҷикистон”-и Сандуқи Сурус дар ин кишвар ҳимояти молӣ мешавад.
Вай ҳадафи ин тарҳро саҳм гузоштан дар мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон хонд. Семинор ва давраҳои бозомӯзӣ аз 9 то 11-уми январ сурат мегиранд.
Сергей Романов дар бораи зарурати баргузории чунин семинор ва давраҳо барои ҳуқуқдонҳои тоҷикро чунин шарҳ дод: “Ҳуқуқдонҳои мо хубанд, аммо дар аксари маворид дар мо камбуди иттилоъоти ҷадид дар бораи муқаррарот ва шеваҳои ҷадид дар заминаи мубориза бо шиканҷа эҳсос мешавад.”
Ӯ афзуд: “Масалан шеваҳову равишҳое вуҷуд доранд, ки бояд бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти вазъ аз онҳо истифода шавад. Барои мисол, дар мусоҳиба бо қурбониёни шиканҷа ва ё рафтори вакилони мудофеъ дар муҳокимаҳои додгоҳие, ки шиканҷаро баррасӣ мекунанд. Мо ҳуқуқдонҳоро бо шеваҳои ҷадиди кор дар ин замина ошно мекунем.”
Оқои Романов гуфт, ки дар ҷараёни семинорҳо ҳуқуқдонҳо ҳамчунин дар заминаи навоқиси низоми қазоӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз шиканҷа табодули назар мекунанд.
Аксари вукалои мудофеъ ва ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки бо мушкили мушобеҳ, яъне адами дастрасӣ ба муваккилони худ аз лаҳзаи "воқеъии" боздошт, рӯбарӯ ҳастанд.
Дар ин давраи бозомӯзӣ онҳо малакаи худро барои тақозои дидор бо муваккилон ва усулҳои мухталифи дархости истиноф ва дархости ғаромат барои қурбониёни шиканҷа боло бурданд.
Ҳамоҳангии фаъъолияти вукалои мудофеъ бо ҳамдигар ва созмонҳои ғайридавлативу расонаҳо яке дигар аз мавзӯъоти матруҳа дар ин семинорҳо будааст.
Порлумони Тоҷикистон дар феврали соли гузашта дар қонуни кайфарии ин кишвар модаи вижаи дар бораи шиканҷаро ворид кард.
Бо гузашти ҳудуди як сол аз ворид кардани тағйирот ба ин қонун, бар асоси ин модаи қонун танҳо ду парванда муҳокима шуда ва муттаҳамони он барои эъмоли шиканҷа муҷозот шуданд.
То қабули ин тағйирот маъмурони боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо барои озору шиканҷа умдатан беҷазо мемонданд ва ё дар сурати собит шудани мавориди озор ҷазои маъмурӣ медиданд.
Дар ин миён, созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва Созмони Милал мукараран дар гузоришҳои мухталифи худ Тоҷикистонро дар миёни кишварҳое мегузоранд, ки боздоштшудагон ва зиндониён дар он аз озор ва шиканҷа ранҷ мебаранд.
Афви Байналмилал дар гузориши ахири худ дар бораи наҳваҳои шиканҷа дар Тоҷикистон гуфта буд, ки “дар ин кишвар барои шиканҷа аз нерӯи барқ, оби ҷӯш, хафа кардан, лату кӯб, сӯзондан ба василаи сигор, таҷовуз ва таҳдиди таҷовуз истифода мешавад".