Ҳафт соли "зиндонбони рақами 1"

Ҳафт соли "зиндонбони рақами 1"

Зиндону ҳоли зиндониёни Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз пушти панҷараҳои оҳанин ба сафҳаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ рехта, ба мавзӯъи баҳси созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон табдил ёфтааст.  

Сар аз фирори 25 маҳбус аз зиндони рақами 1 дигар ҳафтае нест, ки дар расонаҳо мавзӯъи зиндону зиндониён матраҳ набошад. Номи Изатулло Шарипов, ба истилоҳе "зиндонбони рақами 1", ки аз фаъолияти кориаш ба ҳайси сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон 7 сол мегузарад, дар паи ин гиру дорҳо аз забонҳо уфтоданӣ нест ва ҳама ҳодиса дар зиндон бо номи ӯ пайванд мегирад. 

Дар як соли ахир, дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳодисаҳое иттифоқ афтод, ки назирашро касе ёд надорад. Бисёриҳо тахмин мезаданд, ки бо наздик шудани интихоботи президентӣ гурӯҳи манфитаҷӯе дар дохили ҳукумат мехоҳад, бо ин васила номи ҳукуматро паст зада, ҳадафҳои хешро пиёда созад. Андешаи дигар низ вуҷуд дорад, ки пештар низ чунин ҳодисаҳо рух медод, вале бо набудани телефонҳои мобилӣ онҳо расонаӣ намешуданд.

Шиканҷаи маҳбусоне, ки осораш видиоӣ шуд.

Марги Аҷик Қаюмов ва Ҳамза Икромзода, ду зиндоние, ки мақомот марги онҳоро беморӣ ва худкушӣ, вале наздиконашон марги зери шиканҷа унвон мекарданд, видеоӣ шуданд.  Корбарони интерент бо чашми худ навореро тамошо карданд, ки ҳолати пеш аз маргии Қаюмовро нишон медод ва ҳамчунин аксҳои бадани сӯхтаи Ҳамза Икромзодаро низ бо чашми худ диданд.

Шояд аз ин ҷост, ки дигар ба далелҳои зиёди Изатулло Шарипов дар мавриди худкушӣ кардани Ҳамза Икромзода касе бовар кардан намехоҳад, зеро аксҳои бадани сӯхтаи ӯро тамоми ҷаҳон бо чашми худ дидаанд. Ҳарчанд, ба дунболи марги Ҳамза Изаттулло Шарипов, Рустам Тоштемуров, сардори муассисаи ислоҳии рақами 1-ро  "танбеҳ" дод ва ваъда дод, ки барои хунукназариаш ӯро аз вазифа барканор мекунад, вале ин ҳарф танҳо дар рӯи сафҳаҳои матбуот ҳамчун тасаллои наздикони Ҳамза боқӣ монд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки пас, Тоштемуров  бо кадом васила дили сардорашро ёфт? 

Ба дунболи ин ҳама боз аз Хуҷанд наворҳое ба дасти расонаҳо расид, ки маҳбусон аз шиканҷа шуданашон қисса мекунанд ва ҷойҳои лату кубшударо руи рост ва бе ягон тарс нишон медиҳанд. Ҳарчанд, ба шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон тамоми олам бовар карда бошанд ҳам, аммо масъулини мо, аз ҷумла додситони кул ба ин далелҳо бовар каррданӣ нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳатто Созмони Миллали Муттаҳид  низ чандин маротиба аз Тоҷикистон хоста буд, то шиканҷаро дар кишвар решакан кунад. 

Волидайни маҳбусони шиканҷашуда шояд даҳҳо маротиба ба додситонии кулл шикоят карда бошанд, аммо бенатиҷа. Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар ҳатто дар гузоришҳояш дар Женева фактҳои исботшудаи марги Ҳамза Икромзодаро иттилои "нодуруст" шуморида буд.
 

Эътироз: Аз пушти дари Салимзода то пушти сафоратхонаи Амрико

Аммо ба назар мерасад, ки волидайни зиндониён, аз ҷумла маҳбусоне, ки ба тозагӣ дар наворҳои видеоӣ даъво карданд, ки дар Хуҷанд шиканҷа шуданд, ба  мақомоти тоҷик дигар бовар надоранд. Шояд сабаб ҳамин аст, ки онҳо ба кӯфтани дари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва сафоратхонаи Амрико қаблан низ шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла, модарони маҳбусони ба гуфтаи худ дар маҳбасхонаи Хуҷанд шиканҷашуда аз сафорати Амрико дар Точикистон барои ҷилавгирӣ аз шиканча шудани фарзандонашон кӯмак дархост карда буданд.

Ба назар мерасад, ки аз мушкили маҳбасхонаҳои кишвар дар ҳама сатҳи мақомот огаҳанд, вале бо сабабҳо норӯшан касе намехоҳад дар ин самт чораандешӣ кунад.
Таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки  ба ҷои ислоҳи дурусти вазъ, масъулини маҳбасхонаҳо ба худтаърифкунӣ ва худсафедкунӣ, мисли ба рӯзноманигорон нишон додани шароити олии зоҳири зиндониён машғуланд. Дар вохурӣ бо хабарнигорон  ҳамеша  аз шароити хуб ба мисли хӯроки ҳамешагии маҳбусон  "гӯштбирён" ва "оши палав"  сӯҳбат мекунанд. Маҳз пас аз чунин сару садоҳо масъулин ба чопи мақолаҳои чеҳраҳои шинохтаи зиндонӣ, ба монанди Маҳмадрузӣ Искандаров,  Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салим пардохтанд, ки онро низ масъулин ба навъе худсафедкунии мақомот донистанд.
 

Шарипов ба истеъфо?!

Ба иддаои коршиносон, дар паи ин қадар сару садо атрофи маҳбасхонаву маҳбусон агар фарҳанги сиёсиро ба назар мегирифтем, бояд Изаттуло Шарипов ба истеъфо мерафт. Ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик танҳо иқдоми дуруст бо хоҳиши худаш ба истеъфо рафтан аст, аз он ки раиси ҷумхур ӯро барканор кунад. Ин маҳбусонро водор кард, чунин наворро ба дасти рузноманигорон  гузоранд. Ҳоло волидайн дигар на ба Изатулло Шарипов,  на Салимзода, балки ба рузноманигорон рӯ овардаанд. Навори видеои маҳбусони Хуҷандро ҷаноби Шерхон  Салимзода тафтиш хоҳад кард ва аҷиб он аст, ин даъфа чӣ ҷавоб мегуфта бошад? Оё додситони кишвар воқеан ҳам ба доди онҳо мерасад?     

Дар ҳамин ҳол,  Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСТ мегӯяд, ки барои аз байн бурдани ин мушкили ҷомеа тағийроти кадрӣ фавран зарур аст ва вазифаи низомиёни генералу полковникҳоро дар зиндон ба нафарони ғайриҳарбӣ, мисли Сергей Романов, ҳуқуқшиноси варзида бояд иваз кард. Ман боварӣ дорам, ки ин нафар метавонад дар системаи РКИ  тағйироти кулли ворид созад. ӯ метавонад аз зиндониён дар ҳама маврид дифоъ кунад:   

- Ман намегӯям, ки солҳои қабли  шиканҷа дар маҳбасҳои кишвар тамоман набуд, албатта  мавҷуд буд, хеле содатар, вале тайи 4-5  соли охир он ба таври ваҳшиёна дар Тоҷикистон реша давондааст ман надидааму нашунидаам. Ман ҳамчун ҳуқуқшинос бо тамоми аксҳои Ҳамза Икромзода аз наздик шинос шуда будам ва ба ҷавоби масъулини маҳбасҳои Тоҷикистон, ки гуфтанд, гуё худаш вафот кардааст, ҳеч бовар намекунам ва ин як чизи ғайриимкон аст. Аҷиб  аст, ки ҳоло масъулини РКИ ҳатто ҷавоб ҳам ба ҳамаи ин қазияҳо хеле осон пайдо мекунанд, ки ин як даҳшат аст ва оқибати хуб надорад. Маҳбасҳои кишварро имрӯз ба бизнес мубаддал кардаанд. Касе пул дод, раҳо шуд. Далел видеоӣ маҳбусоне, ки ба Хуҷанд интиқол дода шудаанд, -мегӯяд, Зоиров.
 

Воҳидова: Маҳбус ҳам инсон аст!  

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар аз сукути додситони вилояти Суғд ва омбудсмени тоҷик дар қазияҳои ахир дар ҳайрат аст:
- Ҳамаи ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ин ҳама мақомот бо якдигар  забон як кардаанду якҷоя кор мекунанд ва ба кашолакорӣ ҳам махсус роҳ медиҳанд, то вақт гузарад  ва ҷароҳатҳо аз байн раванд. Онҳо ҳамеша як мактуби стандартии тайёр доранд. Ҷамъбаст мекунанд, ки гуё шиканча ҷой надораду он ҳодиса ба воқеият наздик нест. 

Вассалом! Боз аҷиб он аст, ки ҳамеша ба мактубҳои мавҷуд будани шиканҷа ҷавоби мусбат дода мешавад. Агар ин дафъа прокурор ба волидайни ҷабрдидагон ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, он гоҳ онҳо метавонанд, дар заминаи ҳамин навори гирифтшуда аз маҳбасхонаи Хуҷанд бевосита ба Кумитаи СММ оид ба шиканҷа шикоят кунанд. 

Сад дар сад ба ин ҳақ доранд. Бовар дорам, ки пас аз ин муроҷиати онҳо ин масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Вале ман бо як савол мехоҳам ба мақомоти дахдлор муроҷиат кунам, ки ба афтода, ашхосе ки аллакай ҷазояшро гирифтааст, яъне қонун ӯро бо тамоми мушту лагаташ задааст, боз болои ин  Шумо чаро мезанед? 

Шояд қисме  аз онҳо бо назардошти корношоям будани додгоҳ дар татбиқи адолати судӣ  бегуноҳ бошанд?  Пас, чаро чунин роҳбарон  курсиро банд кардаанд? 

Чаро масъулин дар нишастҳои созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи инсон аз Худо натарсида дуруғ мегӯянд? Хеле тааҷубовар аст, ки вақте шахси гумонбар ваҷҳҳои худро пешниҳод мекунад, муфаттиш, прокурор, судя эрод гирифта ӯро  чун ҳамеша ба дурӯғгӯи мутаҳҳам мекунанд, мегӯяд, Воҳидова

Ин бор дар матбуот видиои шиканҷаи маҳбусони ба Хуҷанд интиқол додашуда мавриди баҳси  амиқ  қарор дорад. Марказҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон низ дар ин росто талош доранд. Аз ҷумла Абдураҳмон Шарипов, муовини директори "Маркази мустақили ҳуқуқи инсон" дар сӯҳбат дар мавриди шиканҷа шудани маҳбусон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки онҳо масъаларо таҳти назорати бевоситаи худ қарор додаанд ва  аллакай адвокат ҳам таъин кардаанд:

-  Мо ҳимоятчии варзида Аскарҷон Турсуновро  барои дифоъ аз шиканҷаи бераҳмонаи  Ризои Сунатулло ва Умед Холмуродов  аллакай ба шаҳри Хуҷанд фиристодем. Тафтишот ҳоло идома дорад,-гуфт, Шарипов.

Бояд зикр кард, ки  "Маркази мустақили ҳуқуқи инсон", ки бевоситаи таҳти роҳбарии Сергей Романов қарор дорад, 1- моҳ қабл барои ҳимояти  ноболиғ аз ноҳияи Ёвон дифоъ карда буд ва ғолиб ҳам шуд.  Нозири минтакавӣ ба муддати 7- сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Аммо сухангӯи Раёсати корҳори ислоҳӣ ба "Озодагон" гуфт, ки ман ба чунин видеоҳо, ки дар Интернет гузошта шудаанд, бовар надорам. Чунки мувофиқи қонун истифодаи телефони мобилӣ дар маҳбасхонаҳо комилан манъ аст: 

- Мумкин онҳо  якдигарро кӯфтанд, заданд, вале агар шумо гӯед, ки онҳоро касе шиканҷа кардааст, дурӯғ аст.  
Аммо ин баҳси зиндону зиндониён дар Тоҷикистон бо поёнии соли нав ба поён мерасида бошад?

Ҷамила Мирбозхонова, Озодагон