Article Pages

Прокурори генералии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад. Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст. Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.        

04.09.2024 - 15:44

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.          

03.09.2024 - 15:40

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд (22 майи соли 2016).          

02.09.2024 - 11:04

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.          

01.09.2024 - 11:00

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят (22 майи соли 2016).        

31.08.2024 - 10:55

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.        

30.08.2024 - 10:14

Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ...

29.08.2024 - 10:10

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда...

28.08.2024 - 10:05

Санаи 23-юми август дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии мутахассисони Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Марҳилаи санҷишии мурофиаи ҷиноятӣ. Мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” гузаронида шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" дар доираи лоиҳаи «Муқобилият бо шиканҷа дар Тоҷикистон -...

27.08.2024 - 12:23

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.            

27.08.2024 - 10:34

Страницы