Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 787 муроҷиат (дар соли 2023-юм 871) ворид шудааст, ки ба ҳуқуқ ба манзил, таъминоти иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон марбутанд. Тавре Умед Бобозода рӯзи 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин шумора 160 шикояти хаттӣ, 618 шикояти шифоҳӣ, 5 шикояти электронӣ ва 4 шикояти телефонӣ мебошад.
Муроҷиатҳои хаттӣ асосан ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд марбут будаанд: ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона - 13 муроҷиат, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озодӣ аз ҳама гуна зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона - 7 муроҷиат, ҳуқуқ ба манзил - 5 муроҷиат ва ғайра.
Муроҷиатҳои шифоҳӣ ҳам асосан ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доштаанд: ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озодӣ аз ҳама гуна зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона - 8 муроҷиат, ҳуқуқ ба манзил - 6 муроҷиат, ҳуқуқи замин - 3 муроҷиат ва ғайра.
Ба гуфтаи Бобозода, аз ҳамаи дархостҳои воридшуда танҳо 33 адад (5%) мусбат ҳал шудаанд.