Вебинар: маҳбусон низ шаҳрвандони комилҳуқуқанд

Дар назар аст, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ба тасвиб мерасад ва аллакай Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи он, ки категорияҳои аз маҳбас озодшаванда бояд пеш аз баромадан ба озодӣ воксина бигиранд, баррасиҳоро бо СРИҶҶ ВА ҶТ ба роҳ мондааст.

Ин нукта аз ҷониби намоядаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров дар рафти як вебинари онлайнӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Воксингирӣ аз COVID-19» садо дод. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо дастгирии техникӣ ва иштироки намояндагони ЮНИСЕФ ва СҶТ вебинари мазкурро дар майдони Zoom гузарониданд, ки дар он ҳудуди 20 нафар рӯзнамонигорон ва намояндагони воситаҳрои ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар вебинари онлайнӣ намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эллина Ким, мушовири СҶТ Олга Ижик ва мушовир оид ба робитаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Рустам Гулов ба ҳайси сухангӯ баромад карданд.

«Пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 қариб ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт. Барои раҳоӣ ёфтан аз пандемия ба вуҷуд овардани иммунитети саросарӣ бо роҳи воксинзанӣ лозим аст. Ҳар як инсон бояд нозири саломатии худ бошад ва агар имконият ҳаст, худро аз беморӣ ҳимоя кунад. Барои ҳар кадоми мо воксинзанӣ хеле муҳим аст. Воксингирӣ аз коронавирус - ин қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар аст. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем бар пандемия ғолиб оем»,- зикр намуд дар суханронии худ Наврӯз Ҷаъфаров.

Мавсуф дар посух ба суол дар мавриди воксинзании маҳбусон гуфт, ки «ин категорияи одамон низ шаҳрвандони комилҳуқуқанд, гарчанде айни замон ҳуқуқҳои онҳо пурра роҳандозӣ намешавад. Зеро, бо сабаби кадом як амал ё беамалӣ, мутаассифона, онҳо дур аз муҳити беруна қарор доранд».

Зимнан, Наврӯз Ҷаъфаров афзуд, ки «хадамоти тиббӣ дар маҳбасҳо, хусусан дар муассисаҳои пенитенсиарӣ фаъол аст ва намудҳои воксин истифода бурда мешаванд. Аллакайдар хонаҳои калонсолон воксинзанӣ ба анҷом расида, акнун он дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тақвият дода мешавад».  

NoTorture.Tj