Вохӯрии адвокатҳо барои баррасии масъалаи шиканҷа

Рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории адвокатҳои иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа доир гардид.

Гулчеҳра Холматова, намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки “мақсади вохӯрии мо ҳамкорӣ бо адвокатҳои ҷумҳурӣ ва ҷалб намудани онҳо барои иштирок дар парвандаҳо барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҷабрдидагон дар мисоли қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳост. Дар ин чорабинӣ ба адвокатҳо дар бораи кор ва фаъолияти Эътилоф ва гуруҳҳои он маълумот додем. Иштирокчиён дар мавриди татбиқи қонунгузории ҶТ оид ба ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ барои ҷабрдидагон муҳокимаронӣ намуданд. Оид ба дастрас намудани адвокат ва дар бораи фаъолияти гуруҳи мониторингие, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст, маълумот пешниҳод гардид”.

- Иштирокчиёни вохӯрии корӣ якчанд тавсияи худро ба Эътилоф пешниҳод намуданд, ки ба пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ва ҳамкории самаранок барои пешгирии шиканҷа рабт дошт,- изҳор намуд Гулчеҳра Холматова.

Бояд гуфт, ки дар ин вохурӣ адвокатҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.

NoTorture.Tj