Волидони сарбози гумшуда: Ин ҷасади писари мо нест

Волидони сарбози гумшуда: Ин ҷасади писари мо нест

Волидони Нуралӣ Ҳайдаров, сарбози қисми ҳарбии 2803-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон иддао доранд, ҷасаде, ки ахиран ба онҳо нишон дода шуд, фарзандашон нест. 

Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷасаде, ки мақомот рӯзи 7 август барои ташхис аз хок берун овард, нишонаҳои фарзандашро надид: “Вақте ҷасадро канданд, нишонаҳояшро кофтам, наёфтам. Ҷасади гуршуда қади баланд дошт, пояш андозаи 45 буд, писари ман 39-40 мепӯшид ва қадаш дароз набуд”. 

Ҳуснигул Сулаймонова, модари Нуралӣ ҳам мегӯяд, “писарам зери каши дасташ холи сиёҳи гуштӣ дошт, аммо шавҳарам гуфт, ҷасаде, ки аз хок бароварданд, он нишониро надошт. Гушҳои писари мо калон ва худаш бузургҷусса буд, ки ин нишонаҳо ҳам дар ҷасади дафншуда дида нашуд”. 

Иддаои волидони ин сарбоз дар ҳолест, ки Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хулосаи ин ташхис хабар медиҳад. Ин ниҳод ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, дар асоси талаботи падари Нуралӣ Ҳайдаров бо қарори Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, комиссияи экспертӣ барои гузаронидани тафтишоти судию тиббӣ, криминалистӣ ва патологоанатомии (эксгумация) ҷасад ташкил карда шуд: “Ҳайати гуруҳ, аз кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон, прокуратураи ноҳияи Шаҳритус, намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ ва мутахассисони беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус иборат буда, пас аз гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотӣ ва санҷишӣ, ба чунин хулоса омадаанд, ки сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ, дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст”.

Нуралӣ Ҳайдаров баҳори соли 2014 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Отряди сарҳадии “Ишкошим”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хизмат мекардааст. Ҳуснигул Сулаймонова, модари Нуралӣ мегӯяд, аввалҳо писараш пайваста ба онҳо телефон мекард, аммо ахиран фосилаи ин зангҳо хеле тӯлонӣ шуда буд: “Пеш аз иди Рамазон телефон карда гуфт, барои зодрӯзаш -- 21 июл 100 сомонӣ фиристем. Баъди он дигар занг назад. Рӯзи 22 июл аз комиссариати ҳарбӣ занг зада гуфтанд, писаратон гум шудааст. Баъди се рӯз аз нав телефон карданд, ки ҷасадашро аз дарё пайдо кардем, ғарқ шудааст”.

Ӯ афзуд, ҷасадро ба ӯ нишон надодаанд, танҳо аммааш онро дидааст: “Гуфт, рӯяш пура сухта буд. Дигар нагузоштанд, касе ҷасадро бубинад. Баъди ним соат бурда дафн карданд”.

Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ гуфтааст, Нуралӣ Ҳайдаров рӯзи 22 июли соли равон дар вақти адои хизмат, бе ягон сабабҳои узрнок, бо яроқи оташфишон ҷои хизматро худсарона тарк намуда, ба самти номаълум ғайб мезанад: “Дар натиҷаи чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, 28 июли соли равон, дар наздикии деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, ҷасади номбурда аз шохоби дарёи Панҷ, дарёфт мегардад, аммо яроқи вобасташуда ва 120 дона тирҳое, ки аскари қаторӣ Нуралӣ Ҳайдаров ҳангоми тарки маҳалли хизмат бо худ бурда буд, то ҳол ошкор нагардидаанд”. 

Ozodagon