Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ тафтиши иддаои шиканҷаи зане дар шуъбаи корҳои дохилиро зери назорат гирифтааст.
Радиои “Озодӣ” бо пахши наворе (https://www.ozodi.org/a/31961877.html) хабар дод: “Шарофат Салимова, сокини деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ даъво дорад, ки кормандони милиса ӯро латукӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин зан, ӯро се рӯз дар шуъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ дошта, баъди дахолати додситон раҳояш кардаанд. Аммо мақомот шиканҷаи Шарофатро рад кардаанд. Ба гуфтаи масъулин, Шарофат Салимоваро дар пайи шикояти як ҳамдеҳааш даъват карда будаанд”.
Шарофат баҳсро бо ҳамсояаш тасдиқ карда, мегӯяд, ки ҳодиса дар иди Рамазон рух додааст ва дар он ҳодиса ӯ ҷабрдида буд: «Ҷанг дар ҳавлии мо шуд, бо фарзандонаш ҳамакаса маро заданд. Ин ҳодиса иди Рамазон буд».
Дар МИҲД-и ноҳияи Восеъ муроҷиати хонаводаи Салимовҳоро тасдиқ кардаанд. Барои тафтиши ин қазия аз тарафи раиси ноҳия комиссияи махсус ташкил карда шудааст. Раиси ноҳияи восеъ Ҷамшед Шарифзода гуфтааст, ки ин ҳолат зери назари ӯ қарор дорад.