Зарурати идома додани мониторинг дар давраи коронавирус

Дар баробари дигар сохторҳои милливу байналмилалӣ, Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф низ ба хотири риояи ҳуќуќҳои инсон ба кишварҳои иштирокчӣ ва Механизмҳои миллии пешгирӣ санаи 25-уми марти соли 2020 тавсияҳо дод.

Дар тавсияҳо аз ҷумла гуфта мешавад, ки «ММП бояд боздидҳои пешгирикунандаро идома дода, маҳдудиятҳои заруриро нисбати тартиби боздидҳо риоя намоянд».

Бино ба таъкиди ЗЗШ, «чораҳое, ки ба манфиати тандурустии ҷамъиятӣ татбиқ мешаванд, бешубҳа, ба тартиби доир шудани боздидҳо таъсир мерасонанд, аммо ин маънии онро надорад, ки боздидҳои пешгирикунанда бояд қатъ гарданд. Баръакс, дар натиҷаи ин хатари эҳтимолии муносибати бераҳмона ба маҳбусон афзудан метавонад».

ЗЗШ дар он ақида аст, ки ММП бояд боздидҳои пешгирикунандаро идома диҳад ва дар зимн маҳдудиятҳои заруриро дар мавриди тартиби анҷом додани боздидҳо риоя намояд.

- Айни замон махсусан муҳим аст, ки ММП қабули чораҳои самарабахшро оид ба коҳиш додани эҳтимоли муносибати ғайриинсонӣ ва таҳқири шаъну шарафи маҳбусон дар натиҷаи фишори ҷиддӣ, ки дар лаҳзаи ҷорӣ низоми нигаҳдорӣ таҳти ҳабс ва роҳбарияти он аз сар мегузаронад, таъмин намоянд. Дар ҳолатҳое, ки реҷаи боздидҳо ба сабабҳои тиббӣ маҳдуд мешавад, усулҳои алтернативии таъмини тамоси маҳбусон бо аҳли оила ва олами беруна, ба монанди телефон, интернет/ почтаи электронӣ, видеоконфронсҳо ва дигар воситаҳои мувофиқи электронӣ пешбинӣ гарданд. Ин навъ тамосҳоро дастгирӣ ва ташвиқ кардан лозим аст ва онҳо бояд доимӣ ва ройгон бошанд,- омадааст дар тавсияҳо.

Ҳамзамон, дар баробари ин тавсияҳо чанд нуктаи дигар ишора шудааст:

- Ба аҳли оила ва ё хешовандон муҳайё намудани имконияти таъмин кардани боздоштшудагон бо озуқаворӣ ва ашёи дигар дар мутобиқат бо амалияи муқарраргашта ва бо риояи лозимаи чораҳои зарурии ҳимоявӣ;

- Пешгирӣ аз сӯйистифода аз ҷудогузории тиббӣ ба сифати ҳабси танҳои интизомӣ;

- Ҷудогузории тиббӣ дар асоси хулосаи тиббии мустақилона, мутаносиб, аз рӯйи вақт маҳдуд ва бо риояи кафолатҳои тартиботӣ татбиқшаванда;

- Ба маҳбусон таъмин намудани имкони дастрасии максималӣ ба ёрии тиббӣ берун аз муассисаи пенитенсиарӣ.

Дар хотима ЗЗШ мегӯяд, ки «муддати идомаёбии пандемия ва оқибатҳои онро аниқ пешгӯӣ кардан номумкин аст. Равшан аст, ки паҳншавии вирус аллакай ба ҳамаи аъзои ҷомеа таъсири амиқ расонида истодааст ва ин таъсир ҳоло боз тӯли муддати назаррас идома меёбад. ММП бояд усулҳои кори худро ба вазъияте, ки аз сабаби пандемия ба миён омадааст, мутобиқ намоянд, то ки ҷомеа, кормандони муассисаҳои пенитенсиарӣ, маҳбусон ва худро ҳимоя кунанд. Ченаки асосӣ бояд самарабахшии пешгирӣ аз муносибати бераҳмона нисбати шахсони маҳрум аз озодӣ бошад».

NoTorture.Tj