Зиёда аз 60 нафар дар марафони омӯзишҳо оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд

Дар доираи маъракаи 30-рӯза таҳти шиори “Ҳуқуқҳо! Шаъну шараф! Рушд!” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 23-юм то 25-уми ноябри соли 2020 марафони омӯзишҳоро оид ба ҳуқуқи инсон баргузор намуд.

Дар чорабинӣ, ки дар қаҳвахонаи “Паркинг” бо риояи чораҳои эҳтиётӣ вобаста ба COVID-19 баргузор гардид, зиёда аз 60 нафар иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён таърихи мухтасари ҳуқуқи инсон нақл гардид, филм оиди пайдоиши ҳуқуқи инсон ва Билл оиди ҳуқуқи инсон намоиш дода шуда, баъдан онҳо дар якҷоягӣ бо мураббиён принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Конститутсия, стандартҳои байналмилалиро оиди ҳуқуқ ба манзили мувофиқ муҳокима намуданд.   

Дар охири чорабинӣ, дар платформаи Kahoot викторина гузаронида шуд, ки иштирокчиёни фаъолтарин соҳиби ҷоизаҳо гардиданд: дарзмоли Maxwell MW - 3056 B (1 дона) ва мӯйхушккунаки Gorenje Hair Druer HD 122B - 92 дона.

Гузаронидани маърака бо дастгирии молиявии Барномаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ”-и БРСММ имконпазир гардид.

NoTorture.Tj