Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Субҳ ба хайр дустон!
Шиносоиро бо қисмати барои ҷабрдидагони зӯроварӣ идома медиҳем.Имрӯз дар бораи зербахши зӯроварӣ дар оила сӯҳбат хоҳем кард.
Зӯроварӣ дар оила чист? Зӯроварӣ дар оила – ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узв буда, ба шакли ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ инъикос меёбад.
Ҳамин тавр, ҷисмонӣ – истифодаи қувваи ҷисмонӣ; руҳӣ – таъсиррасонии қасдонаи руҳӣ; шаҳвонӣ – ба дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии шахс таҷовузкунанда; иқтисодӣ – мақсади маҳрум сохтани аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳоеро дорад, ки ҷабрдида ба онҳо ҳуқуқ дорад, мебошад.
Дар барномаи мобилии "Ман ва ҳуқуқҳои ман" метавонед дар бораи механизмҳои муҳофизатӣ ҳангоми истифодаи зуроварӣ дар оила нисбати Шумо ё шахсони наздикатон маълумоти бештар гиред. Мо муфассал ва дастрас ҳуқуқҳои инсонро, ҳангоми зуроварӣ дар оила, ба куҷо муроҷиат ва чӣ гуна амал карданро шарҳ додем. Дар хотир нигоҳ доред, ки ҳама гуна зӯроварӣ набояд беҷазо бимонад!
Фаромӯш накунед, ки барномаро аз рӯйи истиноди - https://hrc.tj/archives/2595 насб кунед ва саҳифаҳои моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пайгирӣ кунед, то маълумоти муҳимро аз даст надиҳед.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.