Article Pages

Парванда оид ба латукӯби бераҳмонаи эҳтимолии ҷавоне дар шуъбаи милисаи Ваҳдат, ки ӯро ба марг расонд, миёни ҷомеа сарусадои зиёд ба бор овард. Дар бораи ин ҳодиса ҳам расонаҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ навиштанд ва Умар Бобоҷонови 23-соларо қурбонии маъракаи пӯшида муқобили ришдорҳо хонданд. Аммо аллакай зиеда аз як сол гузашту гунаҳгорони ин воқеаи фоҷиавӣ ҳанӯз ҳам муайян нашудаанд. Маҳмадсаид...

06.12.2016 - 09:27

Парвизи 18-сола орзу дошт, ки курсанти Академияи ВКД Тоҷикистон шавад ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби миёнаро хатм кард. Ҷавонак қадаки на он қадар баланд дошт ва барои амалӣ гаштани орзуяш чанд сантиметр намерасид. «Эҳ, модар, ман ба хизмат меравам. Ана, мебинӣ, ду сол зуд мегузарад, вале шояд дар ин муддат «соҳиби қади баланд» мешавам ва аз нав кӯшиши...

05.12.2016 - 08:40

Ин зани либоси мотамӣ ба бар аллакай як сол пеш писари калониашро гӯронида буд, аммо ҳар саҳар ба назараш чунин менамояд, ки ҳамин ҳоло дарвоза кушода мешаваду ӯ медарояд, зебову ҷавон, бо нидои «Бува, ман омадам!» (Модар, ман баргаштам!). Баъзан ӯ дар хобаш медарояд, боз ҳамон суханҳоро такрор мекунад: «Ман баргаштам, ана ман!». Ӯ писарашро ба оғӯш мекашаду мебӯсад, гармии дастонашро эҳсос...

03.12.2016 - 08:41

Моҳи сентябри соли 2012 қариб тамоми воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар бораи марги даҳшатноки маҳбуси 27 - сола Ҳамзаалӣ Икромзода хабар доданд. Дар маводҳои журналистикӣ аксҳои Ҳамзаалӣ Икромзода замима гардида буданд, ки дар онҳо захму ҷароҳатҳои зиёде мешуд, ва дар яке аз ин аксҳо ба таври возеҳ пайи дарзмоли электрикӣ ба мушоҳида мерасид. Қисми зиёди ҳамкоронамон изҳор намуданд...

02.12.2016 - 07:48

19 феврали соли 2010. Издиҳоми (гурӯҳи) мардон, сарфи назар аз рӯзи хунук барои адои намози ҷумъа ба сӯи масҷиди асосии шаҳри Исфара мешитофтанд. Ба ин сӯ Исмонбой Бобоеви 30- сола низ, ки як ҳафта пеш аз Федератсияи Россия ба аёдати падару модараш омада буд, аз хона мешитофт. Ӯ шахси диндор буд ва доимо дар ҳама ҷо ба намози ҷумъа мерафт – ҳам дар Москва, ки ӯ бо амри тақдир ба он ҷо рафта буд,...

01.12.2016 - 07:42

Моҳи марти соли 2009 Дилшодбек Муродови 46-сола бо ҳукми  суд барои мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъа айбдор дониста     шуда, ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ҳисобкунии солҳои дуру дарози умр дар маҳбас оғоз гардид. Дар ин ҷо ҳама чиз тибқи тартиботи қатъӣ ва равиши худ ҷараён дошт. Он гоҳ Дилшодбек дарк намуд, ки озодӣ - дар руйхати арзишҳо, вақе ки...

30.11.2016 - 13:38

Зани ҷавон дар сар рӯймоли милли аксҳои (расмҳои) оилавиашро як ба як тамошо мекунад: “Ана ин мо дар майдони асосии пойтахт, дар ин ҷо мо бо фарзанди нахустинашон, инҳо бошанд ҳар се фарзандонамон”... Ӯ каме барои худро аз таасуроти хотираҳо ва гирякунӣ ором намудан бозмеистад. Ҳоло ҳаёти Сарвинисо Гулова куллан тағийир ёфтааст. Ӯро аз ин пораи хушбахтии оилавӣ маҳрум сохтанд, ва айни ҳол ӯ...

29.11.2016 - 07:32

Шаҳри Душанбе, 17 октябри соли 2011. Он рӯз се нафар кормандони милитсия дар тан либосӣ гражданӣ ва бо ҳамроҳи нозири минтақавӣ Баҳромиддин Шодиеви 28-соларо дар даромадгоҳи хонаашон дастгир карда, ба шӯъбаи милитсияи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бурданд. Бади чанд муддат кормандони милитсия ба модари Баҳромиддин занг заданду талаб намуданд, ки ба онҳо 800сомонӣ, ки ӯ бояд он рӯз ба клиника барои...

28.11.2016 - 08:34

Моҳи марти соли 2011 хабар дар бораи марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов тамоми кишваро ба изтироб овард. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил ҳамон вақт хабар доданд, ки Сангов дар маркази миллии тиббии “Қараболо” баъди чор рӯзи аз шуъбаи корҳои дохилии №1 ноҳияи Синои пойтахт дар ҳолати беҳӯшӣ ва бо ҷароҳатҳои сершумори ҷисмонӣ ба он ҷо оварданаш вафот кард. Ба тасвир кардани...

26.11.2016 - 20:14

Ҳар як ҳикояе, ки дар ин китоб аз он нақл карда мешавад, бо ягон чизе ба Қиссаи пештара монанд аст ва дар айни ҳол аз ҳама ҳикояҳо фарқ мекунад. Қиссаи Илҳом Исмонов бо он фарқ мекунад, ки ӯ ҳамаи бадбахтиҳо ва дарду ранҷро аз сар гузаронида, ЗИНДА монд. Ва аллакай ин ба ҳамсар ва ду фарзанди у умед мебахшад, қувват медиҳад дар истиқлол он рӯзе бошанд, ки онҳо боз бо ҳамдигар якҷоя мешаванд....

25.11.2016 - 10:23

Страницы