Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии сухан рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи дар инъикоси масоили шиканҷа фаъолро бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ намояд. Ба диплому мукофот рўзноманигороне сазовор дониста мешаванд, ки пайваста қазияҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаву...

25.04.2017 - 18:32

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаи вохӯриҳои иттилотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва нафароне, ки дар ҳабс қарор доранд, идома медиҳад. Аз 10-уми март то 15-уми апрели имсол 10 вохӯрии иттилоотонӣ гузаронида шуд: ШВКД Фирдавсӣ-2 ва ШВКД Сино-2 (10-уми март), ШВКД Рӯдакӣ ва ШВКД Ҳисор (17-уми март),...

24.04.2017 - 17:15

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбоз ва ду афсарро дар қатли Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870–и Вазорати дифои Тоҷикистон муҷрим шинохт.  Бо ҳукми додрас Наҷмиддин Лоиқзода сарбоз Сайёдҷон Асоев бар пояи моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 12,5 сол равонаи зиндон шуд. Ду афсари дигар Саидмуҳаммад Саъдулоев ва...

21.04.2017 - 12:04

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор ба далели сарпечӣ ва фирор аз хидмати ҳарбӣ, ба хонаи Орзуҷон Мӯсоев огоҳӣ бурдааст. Наздикони ин сокини 19-солаи деҳаи Баракати ноҳияи Ҳисор дар куҷо будани писарашонро намедонанд, аммо масъулони комиссариати ҳарбӣ мегӯянд, ки Орзуҷон Мӯсоев аз хидмати ҳарбӣ пинҳон шудааст. Сардори мизи ҳарбии ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор, ки худро Акбар ...

20.04.2017 - 12:50

Искандарзода Б., судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 13-уми апрел баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғоибназаров Фирӯзи 18-сола, донишҷӯи соли якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов ва 8 нафар судшавандагонро, ки дар муноқишаи гуруҳӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда мешаванд, идома дод. Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, адвокати Фирӯз...

17.04.2017 - 10:30

Силсилаи вохўриҳои иттилоотии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзҳои 7-8-уми апрел дар шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Дар вохўрии ШВКД-и шаҳри Турсунзода 50 ва дар вохўрии ШВКД-и ноҳияи Файзобод 30 нафар иштирок карданд. Дар вохўриҳои иттилоотонӣ ин мавзуҳо баррасӣ карда шуданд: «Кафолати ҳуқуқи инсон ҳангоми боздошт ва давраи...

12.04.2017 - 14:19

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз қазияи Сайёд Ҳалимов, як сокини шаҳри Ҳисор огоҳ аст ва онро пайгирӣ мекунад. Наздикони Ҳалимов иддао доранд, ӯ бемор аст ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ бо зӯр вайро ба артиш ҷалб карданианд.  Бадриддин Сафаралиев, бародарзодаи Сайёд душанбеи 11 апрел дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, кормандони...

12.04.2017 - 14:16

Як сокини шаҳри Ҳисор иддао дорад, кормандони комиссарияти ҳарбӣ Сайёд Ҳалимов, бародарзодаи 24-солаашро бо зӯр барои хидмат дар артиш бурдаанд.  Бадриддин Сафаралиев дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 11 апрел кормандони комиссариат ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта...

11.04.2017 - 18:21

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 7-уми апрел дархости Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари судшавандагон Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликовро оид ба дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтани судшавандагон ҳангоми боздошт қонеъ гардонида, барои санҷиши прокурорӣ ирсол кард. - Суд дархости моро оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз рӯи шикояти судшавандагон...

10.04.2017 - 11:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи дусолаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз мекунад. Дар доираи лоиҳа ташкилоти узви Эътилоф - «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳлил ва баҳогузории сатҳи хизматрасонии судӣ-тиббиро ба роҳ монда, инчунин барои муҳайё намудани...

06.04.2017 - 20:30

Страницы