Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
29-уми октябр дар Женева нишасти 49-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа оғоз мешавад, ки Тоҷикистон низ дар он гузориш хоҳад дод.
Аз ҷумлаи онҳое ки барои посух додан ба суолҳои намояндагони Созмони Милал ба Женева меоянд,Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, Зафар Азизов, раиси Шӯрои Адлия ва Нурулло Орипов, муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ин гузориши 52-сафҳагӣ, ки дар торнамои Созмони Милал нашр шудааст, гуфта мешавад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон танҳо дар тӯли солҳои 2010 то соли равон, 96 қазияи марбут ба шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон ва ё боздоштшудагонро сабт кардаанд, ҳарчанд даҳҳо қазияи дигар аст, ки ҷабрдидагонаш аз тарси ҷазои сахттар ва ё беэътимодӣ ба таҳқиқи одилонаи қазия, шикоят намекунанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, аз навъҳои маъмули шиканҷа, ба нерӯи барқ мондан, рехтани оби сард дар ҳавои кушод дар зимистон, калтаккӯбии маҳбусон, задан ба зону ва гурдаҳо бо калтак (дубинка), нигаҳ доштан дар таҳхонаи сард, сӯзондани бадан бо сигор, урён кардани занҳои зиндонӣ ва акс гирифтани онҳо барои таҳдид ва ғайра аст.
Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст, ки аз навъҳои шиканҷаи равонӣ, ин аст, ки маъмурони интизомӣ наздикони боздоштшударо дар назди ӯ ошкор таҳқир мекунанд ва ё таҳдид мекунанд, ки хеше аз онҳоро урён акс гирифта ва дар интернет паҳн мекунанд ва ё дигар боздоштшударо мезананд, то фарди муттаҳам аз тарс гуноҳеро ба гардан бигирад.
Дар нишасти Созмони Милал дар баробари матраҳ шудани ин суолҳо ҳамчунин аз ҳайати Тоҷикистон хоҳанд хост, ки қазияҳои пурсарусадои Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки гӯё аз латукуби бераҳмонаи маъмурони интизомӣ фавтидаанд ва ҳамчунин чанд парвандаи тозаи дигарро шарҳ диҳанд.
Гузашта аз ин дар бораи шароити зиндонҳо низ аз мақомоти Тоҷикистон суол хоҳад шуд, ки ба гуфтаи муаллифони гузориши алтернативии муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон, тарсноканд ва аз ҷумла утоқҳои тангу тор доранд. Дар баъзе ҷойҳо 15 маҳбус як туалет доранд ва пеши он низ пӯшида нест ва обро ҳам ба он бояд дастӣ бирезанд. Дар нишасти Созмони Милал ҳамчунин дар бораи хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳам баҳс мешавад, ки ҳар ду зуҳурот ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба як расм табдил шудаанд.